Футбол. Акс аз бойгонӣ

Аввалин бозии легионери тоҷик бо пирӯзии "ал-Аҳлӣ" анҷом ёфт

5
Дар даври ифтитоҳии мавсими нави мусобиқоти футбол дар Баҳрайн дастаи Манучеҳр Ахмедов бо ҳисоби 3:0 тими "Манама"-ро шикаст дод.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Аввалин бозии ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ахмедов дар ҳайати тими "ал-Аҳлӣ" дар мусобиқоти қаҳрамонии Баҳрайн бо муваффақият анҷом ёфт, — хабар додааст, Федератсияи футболи кишвар.

Дар даври ифтитоҳии мавсими нави мусобиқоти футбол дар Баҳрайн дастаи Манучеҳр Ахмедов бо ҳисоби 3:0 тими "Манама"-ро шикаст дод.

Легионери тоҷик дар ҳайати аввалияи тими "ал-Аҳлӣ" баромада, тӯли 90 дақиқаи бозӣ дар майдон ҳузур доштааст.

Маврид ба зикр аст, ки ин муҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо бошгоҳи футболи "Ал-Аҳлӣ"-и Баҳрайн барои як сол қарордод ба тавсиб расондааст. Дар "Ал-Аҳлӣ" муҳофизатгари тоҷик таҳти рақами 22 бозӣ хоҳад кард.

5
Барчаспҳо:
Ахмедов, Манучеҳр, ал-Аҳлӣ, Баҳрайн, легионер, бозӣ, футбол, бозӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Манучеҳр Ахмедов, Баҳрайн, Тоҷикистон