Самбо. Акс аз бойгонӣ

Самбо: дар интизории такрори қаҳрамонии Саъидмӯмин Раҳимов

24
(Таҷдидшуда 14:37 13.11.2015)
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Самбочиёни тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки аз 13 то 15 ноябр дар шаҳри Касабланкаи Марокаш баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард, иттилоъ доданд аз Федератсияи самбо ба Sputnik.

"Ба ҳайати дастаи самбочиёни Тоҷикистон пащлавонони маъруф- Ардашер Исмоилов (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Хушқадам Хисравов (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (беш аз 100 кг) дохиланд",-  илова кард сарчашма.

Гуфтанист, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишгарон аз 85 кишвар дар назар аст. Рӯзи аввали сабқат байни мардон мардон оид ба самбои варзишӣ дар вазнҳои 52, 68, 90 кг ва оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 57, 74, 100 кг вориди рақобат мешаванд. Занон бошанд, дар намуди самбои варзишӣ дар вазнҳои 48, 60, 72 кг қувваозмоӣ мекунанд.

Умуман, мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат мегирад. Мусобиқа дар вазнҳои дигар рӯзҳои 14 ва 15 ноябр баргузор мешавад.

Маврид ба ёдоварист, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

Ягона медали тиллоро дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо Саъидмӯмин Раҳимов дар шаҳри Мински Беларус соли 1975 ба даст овардаасту бас.   

24
Барчаспҳо:
медали тиллоӣ, варзишгарони тоҷик, ҷаҳонӣ, сабқат, мусобиқа, Самбо, Муҳаммадризо Қурбонзода, Хушқадам Хисравов, Акмалиддин Каримов, Мустафо Ҳасанов, Ардашер Исмоилов, Касабланкаи Марокаш