Имрӯз рақиби дастаи ҶТ дар Чемпионати футзали Осиё маълум мешавад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими қуръакашӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Тошканд оғоз хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Маросими қуръакашии марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё имрӯз дар пойтахти Узбакистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои ФФТ, қуръакашӣ соати 18:00 шуруъ хоҳад шуд.

Тамрини тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
AFC Хуҷандро макони баргузории сабқати футзал-2016 интихоб кард

Мунтахаби Тоҷикистон бо имтизёҳои бадастовардааш дар баробари дастаҳои Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ дар сабади чаҳорум ҷой гирифтааст. Дастаҳое, ки дар як сабад ҷой гирифтаанд, дар сабқати гуруҳӣ бо ҳам рақобат намекунанд.

Ҳайати пурраи сабадҳо ба тариқи зайл аст:

Сабади 1: Узбакистон, Ҷопон, Эрон ва Тайланд.

Сабади 2: Австралия, Лубнон, Ветнам ва Ироқ.

Сабади 3: Қирғизистон, Тайван, Молайзия ва Чин.

Сабади 4: Тоҷикистон, Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ.

Марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё-2016, ки дар пойтахти Узбакистон баргузор мешавад, 14 даври ин сабқат ба шумор меравад. Футзалбозони тоҷик қаблан дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё- 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012 ва 2014 иштирок карда буданд.

Онҳо аз ҳама беҳтар дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё — 2007 бозӣ карда буданд, ки ба марҳалаи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфта буданд.

Лентаи хабарҳо
0