Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дастоварди мунтахаби футболи Тоҷикистон дар замони истиқлол

17
(Таҷдидшуда 11:06 14.12.2015)
Бояд гуфт, дар тӯли ин солҳо ба дарвозаҳои рақибони тими миллии Тоҷикистон дар умум 47 варзишгари тоҷик тӯб ворид кардааст.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар замони истиқлоли кишвар 116 вохӯрӣ (ба ҳисоби миёна 4,8 бозӣ дар як сол) анҷом додааст, ки дар 48 бозӣ пирӯз ва дар 48- тои дигар мағлуб шуда, 20 вохӯриро мусовӣ анҷом додааст. Фарқ миёни тӯбҳо 186-173-ро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад ФФТ.

Аз ҳама бештар тими миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми КФО пирӯзӣ ба даст овардааст, ки аз 28 вохӯрӣ 17-тоаш ба нафъи варзишгарони тоҷик анҷом ёфтааст. Онҳо тӯби бештар (63) ба дарвозаҳои рақибони худ дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ворид кардаанд.

Бузургтарин пирӯзиро дар таърихи даврони истиқлол дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 26 ноябри соли 2000 дар доираи бозиҳои интихобӣ барои қаҳрамонии Ҷаҳон-2002 ба даст омадааст. Дар ин рӯз варзишгарони тоҷик дар шаҳри Табрез дар доираи бозиҳои интихобии қаҳрамонии Ҷаҳон — 2012 бо дастаи мунтахаби Гуама рақобат карда, ба дарвозаи ҳарифон 16 тӯби беҷавоб ворид намудаанд.

Аммо бо гузашти чанд сол таърихи мунтахаби дастаи футболи Тоҷикистон шоҳиди бузургтарин нокомӣ низ шудааст. Варзишгарони тимии миллии кишвар рӯзи 11 октябри соли 2011 дар доираи бозиҳои интихобии қаҳрамонии Ҷаҳон — 2014 аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0:8 шикаст хурданд.

Ҳамлагарони беҳтарини дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин давра Юсуф Рабиев ва Нуъмон Ҳакимов ба шумор мераванд, ки 15 голӣ ба дарвозаҳои рақибон ворид кардаанд. Дар зинаҳои поин аз онҳо Тоҳир Мӯъминов бо 11 гол ва нимҳимоятгари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев бо 9 гол қарор доранд.

Бояд гуфт, дар тӯли ин солҳо ба дарвозаҳои рақибони тими миллии Тоҷикистон дар умум 47 варзишгари тоҷик тӯб ворид кардааст.

Тайи замони истиқлол сармураббии тимии миллии Тоҷикистонро 12 мутахассиси беҳтарин бар уҳда доштанд: Шариф Назаров, Владимир Ғуломҳайдаров, Абдулло Муродов, Зоир Бобоев, Салоҳиддин Ғафуров, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, Пӯлод Қодиров, Олимҷон Рафиқов, Кемал Алиспахич, Никола Кавазович, Муҳсин Муҳаммадиев ва Мубин Эргашев.

 

 

17
Барчаспҳо:
тӯб, гол, вохурӣ, бозӣ, футбол, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ФФТ, Муҳсин Муҳаммадиев, Никола Кавазович, Кемал Алиспахич, Алимҷон Рафиқов, Пулод Қодиров, Маҳмаҷон Ҳабибуллоев, Зоир Бобоев, Абдулло Муродов, Владимир Гулямхайдаров, Юсуф Рабиев, Нуъмон Ҳакимов, Салоҳиддин Ғафуров, Шариф Назаров, Мубин Эргашев, Табрез, Гуама, Ҷопон, Душанбе, Тоҷикистон