Шукрона Қарчиева, дздочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Тверские надежди

Ҷопон барои рушди дзюдо дар ҶТ 90 ҳазор доллар медиҳад

21
(Таҷдидшуда 12:40 25.02.2016)
Тибқи тарҳи барномаи “Варзиш барои оянда” дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барномаҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ мешаванд. “Варзиш барои оянда” ба баланд бардоштани арзишҳои варзишии Ҳаракатҳои олимпӣ ва параолимпӣ барои синну соли гуногун равона шудааст.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дабири кулли федератсия дзюдои Тоҷикистон Ширинҷон Мамадсафоев ва кордори сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада шартномаи грантӣ "Оиди лоиҳаи таҷҳизононидани марказҳои омӯзишии дзюдо"-ро ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад КМО ҶТ.

Маблғи умумии лоиҳа беш аз 90 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Мувофиқи лоиҳаи барномаи "Варзиш барои оянда" дар тамоми  кишварҳои ҷаҳонӣ барномаҳо роҳандозӣ мешаванд. "Варзиш барои оянда" ба баланд бардоштани арзишҳои варзишии  Ҳаракатҳои олимпӣ ва параолимпӣ барои синну соли гуногун равона шудааст.

Барнома дар давоми солҳои 2014-2020 роҳандозӣ мегардад.

Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  соли 1993 ба кор шурӯъ намуда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ бо иштироки варзишгарони номдори тоҷику хориҷи мамлакат фаъолияти назаррас нишон медиҳад.

21
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) в равной борьбе уступила сборной Аргентине

Тими милии футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона ба шаҳри Тошканд меравад

17
(Таҷдидшуда 17:00 08.07.2020)
Футболбозони тими милии футболи Тоҷикистон санаи 4 сентябр дар шаҳри Тошканд бо тими милии футболи Ӯзбекистон рақобат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон барои баргузор намудани бозии дӯстона байни ин ду кишвар ба мувофиқа расиданд, иттилоъ додааст сомонаи расмии ФФТ.

Бино бар иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни ду тими миллӣ санаи 4 сентябр соли равон дар  шаҳри Тошканд баргузор мешавад. 

Инчунин манбаъ зикр кардааст, ки бозии дӯстона байни дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор буд 31  март баргузор мешуд, вале бинобар сабаби паҳншавии бемории   коронавирус вақти баргузории ин дидор мавқуф гузошта шуда буд.

Бояд қайд, кард дастаҳои  мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то ин замон  миёни якдигар 8 вохӯрӣ баргуор карда буданд. Маротибаи охир дастаҳо 15 ноябри соли 2011 дар  шаҳри Тошканд бозӣ карда буданд.

17
Барчаспҳо:
рақобат, Ӯзбекистон, Тошканд, Футбол, Тоҷикистон
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи Регар ТадАЗ, аз чап

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии нави дастаи "Куктош" таъйин шуд

79
(Таҷдидшуда 12:45 07.07.2020)
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии муваффақ ва шинохтаи тоҷик ба вазифаи сармураббии дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ӯ дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз кард, хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj.

Ҳабибуллоеви 55-сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст.

 Номбурда  соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард.

Ҳамчунин моҳи феврали соли 2015 як муддат тими “Равшан”-и Кӯлобро тамрин дод ва июли ҳамон сол пас аз чанд моҳи сармураббӣ шуданаш истеъфо дод.

Баъдан, худи ҳамон сол  ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуда, тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Ӯ соли 2007 як муддат сармураббии тими миллии кишвар ва баъдан яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) буд.

79
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: Эрон ба ғайр аз ду кишвар бо ҳамсоягони худ равобити хуб дорад

0
(Таҷдидшуда 17:55 08.07.2020)
Раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ҳайати давлат равобити Теҳрон бо кишварҳои ҳамсояро хуб арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ҳайати давлат, таъкид доштааст, ки кишвараш таомули бисёр хубе бо кишварҳои ҳамсоя дорад, албатта ба ғайр аз ду кишваре, ки худашон намехоҳанд бо Теҳрон робита дошта бошанд.

Ба нақл аз хабаргузории "Парстудей", Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар ин ҷаласа бо ишора ба зарфиятҳои бандари Чобаҳор, афзуд, зарфияти бандари Чобаҳор ба унвони танҳо бандари уқёнусии кишвар аз 2.5 миллион тон ба 8.5 миллион тон расида, ки ин иқдом таҳаввуле бузург барои хатти транзитии ҷануб ва шимол аст.

Раисҷумҳури Эрон эҳдоси роҳи оҳани Ҷануб - Шимолро як тарҳи миллӣ ва байналмилалӣ донист ва изҳор дошт. Ин хатти роҳи оҳан аз уқёнуси Ҳинд дар Чобаҳор шуруъ мешавад ва ба ҳамаи хутути роҳи оҳан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Чин, Русия ва Аврупо муттасил мешавад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба тавтеаҳои кишварҳои ғарб нисбати Эрон афзуд, мардум ва масъулони Эрон даст дар дасти ҳам тавтеаҳои душманонро хунсо мекунанд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, рӯҳонӣ, ҳамсоя, ҳамсоядорӣ, равобит, Раисҷумҳур, Эрон