Футбол: ду бозии дигари мунтахаби ҶТ муайян шуданд

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкРамзи мусобиқаи ҚҶ-2018 оид ба футбол дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Рамзи мусобиқаи ҚҶ-2018 оид ба футбол дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду бозии охирини Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ва Ҷоми Осиё-2019 дар моҳи март баргузор мешаванд.

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи март ду бозии охирини худро дар мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 ва Ҷоми Осиё- 2019 барпо менамояд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Ба қавли манбаъ, доварони ин вохӯриҳо муайян шуданд.

Рӯзи 24 март бозии мунтахаби Автралия ва Тоҷикистонро Фаҳд Ҷаббор Алмаррӣ аз Қатар бо ҳамватанаш Юсуф Ориф Ашшамарӣ ва Муҳаммад Алабакрӣ аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ мекунанд. Довари эҳтиётӣ Чуан Ху Фу аз Сингапур таъин шудааст.

Бозии охирини дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 29 март дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо мунтахаби Қирғизистон дар радифи ин бозиҳо доир мегардад, ки онро Азиз Осимов аз Узбакистон бо ёваронаш Руслан Серазитдинов ва Андрей Тсапенко ҳакамӣ мекунанд.

Довари эҳтиётӣ аз Туркманистон Алибек Сапоев интихоб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0