Давид Модзманашвили. Акс аз бойгонӣ

Ҷоизадори бозиҳои Олимпӣ аз Тифлис ба истифодаи мелдонӣ муттаҳам шуд

58
(Таҷдидшуда 15:24 25.03.2016)
Истифодаи маводи манъшудаи навъи мелдонӣ аз шаш иштирокчии гурӯҳи варзишгарони гуштини тарзи озоди Гурҷистон ошкор гардид, ки якеашон ҷоизадори бозиҳои Олимпии тобистонаи соли 2012 Давид Модзманашвили мебошад.

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Варзишгари гурҷӣ, гуштигири тарзи озод дар мавриди истифода аз маводи манъшудаи мелдонӣ иқрор шуд, иттилоъ медиҳад The Washington Post.

Қайд мешавад, ки моҳи гузашта натиҷаҳои санҷиш истифодаи ин маводро аз ҷониби  варзишгар ошкор карданд. Дар робита ба ин, Модзманашвили дигар ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳоро аз даст медиҳад.

Ғайр аз бадани ӯ, боз дар таркиби хуни панҷ тан варзишгари дигари Гурҷистон маводи манъшудаи мелдонӣ ошкор карда шудааст, вале исми онҳо то ҳол аниқ нест, чунки ин варзишгарон истифодаи онро рад мекунанд.

Номи ҳеч кадоме аз ин варзишгарон дар рӯйхати иштирокунандагони бозиҳои Олимпӣ дар Бразилия нест, вале иштироки онҳо аз эҳтимол дур нест.

Соли 2012 дар Бозиҳои Олимпии тобистонаи Лондон Модзманашвили барандаи медали нуқра дар вазни 120 кг гардида буд. Дар сабқати ҷаҳонӣ бошад, соли 2011 соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар бораи маводи мелдонӣ ва ҳангомаи атрофи он аз изҳороти теннисбози машҳури рус Мария Шарапова дар мусобиқаи бози Австралия  ошкор шуд.

Мелдонӣ ба рӯйхати маводҳои манъшуда аз ҷониби  Оҷонсии Умумиҷаҳонии антидопингӣ  1 январи соли 2016 ворид шуд. Ин мавод ҳам дар мусобиқа ва ҳам берун аз он манъшуда ба шумор рафта ба гурӯҳи маводҳои гармонҳои таҳрикдиҳанда шомил мебошад.   

58
Барчаспҳо:
мелдоний, гуштигирон, допинг, мелдонӣ, варзишгарон, Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, Бозиҳои олимпӣ-2016, Мария Шарипова, Давид Модзманашвили, Рио-де-Жанейро, Гурҷистон, Лондон

ВАО: Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" сабаби марги 41 нафар аз коронавирус гашт

439
Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” боиси марги камаш 41 нафар аз коронавирус дар Бритониё гардид, хабар медиҳад The ​​Sunday Times

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нашрия қайд мекунад, ки омор ба ширкати Edge Health дар асоси маълумоти Хадамоти миллии тандурустии Британияи Кабир (NHS) асос ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ 41 фавти мухлисон бинобар сабаби хуруҷи Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, мубталоёни ин беморӣ пас аз 25-30 рӯзи бозӣ фавтиданд.

Манбаъ мегӯяд,  шумораи фавтидагон тавассути додаҳо пас аз омадани мухлисони испанӣ ба Англия ва муқоисаи шумораи фавт дар дигар минтақаҳои кишвар ба даст оварда шудааст.

Бар пояи иттилооти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, дар вақти бозиҳои дастаҳои испанӣ 640 ҳазор нафар ва дар вақти бозиҳои дастаҳои англисӣ 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.

Бозии “Ливерпул” ва “Атлетико” 11-уми март дар “Энфилд” баргузор шуд, ки 52 ҳазор мухлис ин вохӯриро аз майдон тамошо намуд ва бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

439

Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд

666
(Таҷдидшуда 11:40 23.05.2020)
Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд.

Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд.

Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро ба таври техникӣ мағлуб кард.

Дар рақобати дуюм бошад Тайсон гӯши Холифилдро газид ва Эвандер аз идомаи муҳориба худдорӣ кард.

 Тайсан бошад аз рақобат маҳрум ва ҷарима шуд.

Қаблан Холифил баъди эълони бозгашташ ба саҳнаи бокс, гуфта буд, ки омодааст  бо Тайсон як маротибаи дигар биҷангад.

"Омодаам инро кунам. Ман мехоҳам бо Тайсон рақобат кунам. Фикр мекунам ман дар ин синни 57 солагиям низ муваффақ мешавад. Ман ӯро мағлуб карда метавонам. Гарчанде сухан дар бораи он намеравад, ки ки киро мағлуб мекунад, балки гап дар бораи он меравад, ки ба одамон нишон диҳем, ки мо яке аз муштзанҳои бузурги даврон ҳастем",-гуфтааст Холифилд.

666
Барчаспҳо:
шикаст, пирӯзӣ, рақобат, майдон, бокс, Майк Тайсон, Ҷаҳон
В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина

Паём аз "вируси корона": як бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз "илтиҳоби шуш" холӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:17 25.05.2020)
Ба ҳолати 25 - уми май яке аз ду бемористони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар аз сироятёфтагони “илтиҳоби шуш” ё бемории “вируси корона” холи шуд

Душанбе, 25 май – Sputnik. Муродҷон Ҷураев, сартабиби ноҳияи бо исми Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 23-уми май гурӯҳи 11 нафараи беморон аз бемористони № 2 воқеъ дар ҷаомати Ёва и ноҳия мураххас рухсат шуданд ва ба ин ҳол, ин яке аз бемористонҳои лозим барои табобати гирифторони "илтиҳоби шуш" холӣ мондааст.

"Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ду беморхона яке дар ҷамоати Ёва барои беш аз 40 рахти хоб ва дуюми дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов дорои 100 кати беморӣ, барои муолиҷаи беморони “илтиҳоби шуш” омода карда шудаанд. Рӯзи 23 уми май 11 нафар аз бемористони ҷамоати Ёва ба манзилҳояшон рухсат шуданд. Ҳоло дар он ягон гирифтори “илтиҳоби шуш” боқӣ намондааст", - гуфт сартабиб.

Бино ба иттилоъи Ҷураев, то рӯзи 23 уми май дар бемористонии № 2 и ҷамоати Ёва, беш аз 200 нафар аз шумори гирифторони “илтиҳоби шуш” бистарӣ ва табобат гирифтаанд.

Бино ба иттилоъи манобеи наздик ба Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 то ин замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 600 мавриди “илтиҳоби шуш” сапт шуда, бештар аз 550 нафар аз бемористонҳои ҷамоатҳои Ёва ва Ҳайдар Усмонов шифо ёфта, кам ё беш аз 5 нафар аз теъдоди шумори беморон фавтидаанд. Ҳоло ҳудуди 27 нафар дар бемористони воқеъ дар ҷаомати Ҳайдар Усмонов таҳти тадовии духтурон қарор доранд.

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо доштани бештар аз 360 ҳазор аҳолӣ феълан аз калонтарин ноҳияҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дилбар Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зарфи ду се рӯзи охир ҳолатҳои гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” коҳиш ёфта ва ба ин далел ҳоло зарурати бистарӣ кардани беморон дар бемористони № 2 дар ҷамоати ноҳия боқӣ намондааст.

"Ин бемористон дар авҷи хуруҷ маризӣ, барои табобати маризии “вируси корона” тайёр карда шуд. Ҳоло, ки шиддати ин беморӣ поён шудааст, рӯзҳои наздик ин беморхона ба мисли пештара ба фаъолияти маъмулӣ баргардонида мешавад", - гуфт Турсунзода.

Ба ин тартиб ноҳияи Б. Ғафуров, ҳоло аз аввалин ноҳияҳое дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бино ба гуфтаи масъулин бемористонаш аз тоза шудани гирифторони “вируси корона” муваффақ шудааст.

Чанде пеш ҳам баъзе дигар аз шаҳру навоҳии кишвар аз коҳишёбии гирифторони “илтиҳоби шуш” дар бемористонҳо хабар доданд. Аммо масъулин ва табибон таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегуянд, барои пурра нобуд шудани “вируси корона” нақши сокинон ҳам муҳим аст ва ин корро бо риояи гигенаи тиббӣ, ҳар яке метавонад ба иҷро расонад.

Рақамҳо дар бораи сирояти вируси корона, дар ҷаласаи ситоди шаҳру ноҳияҳо баъд аз он сурат мегирад, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми май дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19 иштирок намуд ба роҳбарону масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин бора ҳеҷ чизро аз мардум пинҳон накунанд, балки кушоду равшан маълумотро барои аҳолӣ пешкаш намоянд.

"Ин бемориро ҳукумати ҷумҳурӣ насохтааст, балки дар ҳама ҷо, ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунёро ҳам ин маризӣ сироят кардааст", - гуфт раисиҷумҳур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки имрӯз 25 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии беморон ба 3100 нафар баробар шуда, то кунун 1395 нафар аз ин шумор сиҳат шудаанд. Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 46 нафар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон