Тӯби футбол. Акс аз бойгонӣ

Собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе вомехӯранд

35
(Таҷдидшуда 19:44 29.07.2016)
Интизор меравад, дар ҳайати тими Тоҷикистон собиқадорони футбол, аз қабили Рустам Қурбонов, Ҳикмат Фузайлов, Рустам Хоҷаев ва дигарон ба майдон хоҳанд баромад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар Варзишгоҳи мавсум ба "Тоҷикгостандарт", воқеъ дар маҳаллаи Яккачинор рақобати дустона миёни  собиқадорони тоҷику афғон баргузор мегардад, омадааст дар сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ҳайати тими Тоҷикистон собиқадорони номдори футбол аз қабили Рустам Қурбонов, Ҳикмат Фузайлов, Рустам Хоҷаев ва дигарон бозӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин манбаъ менависад, собиқадорони футболи Афғонистон рӯзи 12 март дар варзишгоҳи Марказии ноҳияи Румӣ вохӯрии дӯстонаро бо дастаи футболи "Панҷшер" баргузор хоҳанд кард.

Рӯзи душанбеи 14 март бошад, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ сабқат миёни собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мегардад.

Ҳамчунин, барои собиқадорони футболи Афғонистон сайёҳат дар мавзеъҳо ва  маконҳои зебову диққатҷалбкунандаи Тоҷикистон гузаронида мешавад, мегӯяд манбаъ.

35
Барчаспҳо:
вомехӯранд, собиқадорон, сабқат, рақобат, футбол, дастаи "Панҷшер", Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, ФФТ, Афғонистон, Душанбе, Тоҷикистон