ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тими ҷавонони Тоқикистон оид ба футбол бо дастаи Қазоқистон вохурӣ анҷом медиҳад, менависад дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Қазоқистон ду вохӯрии дӯстона баргузор менамояд.
Чорабиниҳои варзишӣ рӯзҳои 16 ва 18 март доир мегардад. Маълумот дар бораи ҷои баргузории мусобиқаҳо дертар эълон мешавад.
Айни замон дастаи футболистони Қазоқистон дар тамринҳои омӯзишӣ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд қарор доранд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.
Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.
“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.
Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.
ФФТ таъкид намудааст, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.
Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.
Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.