Лаҳзае аз бозии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон. 29 декабри соли 2015

Футбол (U-16): пирӯзии дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дӯстона

51
(Таҷдидшуда 10:29 17.03.2016)
Дар вохӯрии аввалин тими ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистон дастаи мунтхаби ҳамтоёни худ аз Қазоқистонро шикаст доданд.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар як бозии рафиқона ҳамсолонашон аз Қазоқистонро шикаст доданд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба қавли манбаъ, бозии дӯстона миёни тимҳои футболи ҷавонон (U-16)-и Тоҷикистон ва Қазоқистон дирӯз, 16 март дар варзишгоҳи "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гашта, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Тӯбҳоро ба дарвозаи меҳмонон бозигарони дастаи "Помир"-и Душанбе Фаридун Неъматов ва Тоҳир Малодустов ба нишон  расониданд. Голи ягонаи Қазоқистонро бошад, Денис Красноперов зад.

Фардо, 18 март бозии дуввуми рафиқона байни тимҳои футболи ҷавонони ҶТ ва Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.

 

51
Барчаспҳо:
тӯбҳо, гол, пирӯзӣ, бозии дӯстона, футбол, Федератсияи футбол, варзишгоҳи Хистеварз, тими ҷавонони Қазоқистон, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16), Денис Красноперов, Фаридун Неъматов, Тоҳир Малодустов, Бобоҷон Ғафуров, Қазоқистон, Тоҷикистон