Медали биринҷии варзишгари тоҷик дар Белгия

© AP / Ng Han GuanФарҳод Негматов бо варзишгари бритонӣ дар Олимпиадаи Лондон (2012) сабқат дорад. Акс аз бойгонӣ
Фарҳод Негматов бо варзишгари бритонӣ дар Олимпиадаи Лондон (2012) сабқат дорад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сабқатҳои Белгия рақибони хеле ҷиддӣ буданд, қайд кард таэквандисти тоҷик Фарҳод Негматов. Аммо ба ӯ муяассар гардид то соҳиби ҷои намоён гардад.

ДУШАНБЕ,  23 мар — Sputnik. Яке аз варзишгарони маъруфи кишвар, Фарҳод Негматов дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар риштаи таэквандо дар Белгия ва Ҳолланд ширкат карда, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардид.

Дар мусобиқаи аввал, ки дар Эйндховен (G1 Eindhoven Open) баргузор шуд, Фарҳод Негматов дар рақобати ягонааш бо ҳисоби 6:7 мағлуб шуд. Баъди ин варзишгари тоҷик ба Белгия омада, дар мусобиқаи G1 Belgium Open иштирок карда, дар вазни 80 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Қабл аз мусобиқаҳо Негматов ҳамроҳ бо гурӯҳи варзишгарони Белгия, Испания, Юнон ва Канада дар машқҳои омӯзишӣ малакаи худро сайқал дод. Сипас Фарҳод дар мусобиқа бо намояндаи Испания бо ҳисоби (10:5), Белгия (21:9) ғолиб омада, бо варзишгари испанӣ (2:7) шикаст хӯрд ва дар интиҳо мақоми сеюмро ба даст овард.

Таэквандочиёни тоҷик ба мусобиқаи ҷаҳонӣ омодагӣ мегиранд

"Дар ин мусобиқаҳо варзишгарон аз мамлакатҳои Аврупо ва Осиё ширкат карданд ва рақобат хеле ҷиддӣ буд. Аз намояндагони Тоҷикистон ман ягона варзишгар будам ва маро он ҷо мураббиям аз Эрон Ҳусейн Ғаффорӣ интизор буд. Аз баромади худ розиям, таҷрибаи хеле хуб қабл аз мусобиқаҳои интихобӣ касб кардам", —гуфт Фарҳод Негматов.

Айни замон Фарҳод ва дигар варзишгарони тоҷик ба сабқатҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Олимпиада-2016 тайёрӣ мебинанд. Варзишгарон барои ба даст овардани ҷойҳои намоён дар сабқати Осиё барои иҷозатнома, ки  19-20 апрел дар Манил(Филиппин) баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Қаблан варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар Дубай (АМА) — Dubai Open иштирок намуданд. Дар ин сабқат Тоҷикистонро Фарҳод Негматов дар вазни (80 кг), Алишер Гулов дар вазни (+87 кг), Моҳру Ҳалимова (+73 кг) ва Фарзона Раҷабова (53 кг) таҳти роҳбарии мураббӣ Ҷаҳонзеб Кармишева муаррифӣ намуданд.

Дар ин мусобиқаҳо Моҳру Ҳалимова соҳиби ҷои сеюм шуда, дар чорякфинал ба намояндаи Олмон рақобатро бохт, Алишер Гуловро дар даври ниманиҳоӣ варзишгари қазоқ мағлуб намуд, Фарҳод Негматов бо намояндаи Англия бохт, Фарзона Раҷабова бошад аз ҷониби варзишгари Қазоқистон мағлуб гардид.

Лентаи хабарҳо
0