Тамрини тими миллии Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо дастаи Урдун

Дар интизории бозии "бузург"-и футбол: Тоҷикистон- Қирғизистон

92
(Таҷдидшуда 11:54 29.03.2016)
Баъд аз зуҳри имрӯз бозии интихобии дастаҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад. Ин бозии охирони дастаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии чемпионати ҷоҳон 2018 хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Сабқат дар Варзишгоҳи  ҷумҳуриявии Душанбе соати 18:00 баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо рақибони худ дар Душанбе 4 маротиба вохӯрӣ гузаронида, дар се бозӣ пирӯзӣ ба даст оварда ва як бозиро мусовӣ анҷом додааст.

Мубин Эргашев. Акс аз бойгонӣ
Официальная страница М. Эргашева в Facebook

Дар умум бошад, дастаи Тоҷикистон бо Қирғизистон 11 маротиба бозӣ кардаанд. Ҳамаи мо бохти Тоҷикистонро дар бозии интихобии Ҷоми КФО- 2014 хуб дар ёд дорем. Он вақт футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии Никола Кавазович бо ҳисоби 0:1 аз дастаи Қазоқистон шикаст хӯрда, аз идомаи бозиҳо маҳрум гардиданд.

Баъдтар, бо роҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев дастаи мо бо ҳисоби 4:1 футболбозони қирғизро мағлуб карданд. Дар бозии аввал дар Бишкек вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Бозии ниҳоиро доварон аз Узбакистон ҳакамӣ хоҳанд кард.

Ҳакам дар майдон довари 35-солаи ФИФА Азиз Асимов мебошад. Қабл аз бозӣ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев бо сабаби бемории қалб дар бемористони Марказии миллии Душанбе бистарӣ шуд.

Тавре гуфта шуд, мутахассиси 42-сола вақтҳои охир худро бад ҳис мекардааст. Табибон ба ӯ ҷиддӣ тавсия доданд, ки аз футбол худдорӣ ва фавран барои табобат дар беморхона бистарӣ шавад.

Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Австралия бозӣ карда бо ҳисоби 0:7 бохт. Пеш аз ин бозӣ Мубин Эргашев изҳор дошта буд, ки вазифаи аввалиндараҷаи дастаи Тоҷикистон ин ба финали бозиҳои Ҷоми Осиё соли 2019 баромадан аст.

"Мутаассифона, бароямон натиҷаи бозиҳо хуб набуданд. Мо бозиҳои интиҳоӣ бозиҳои ҷаҳонии 2018-ро  ғайриоддӣ ба анҷом хоҳем расонид. Бозии асосии ин силсиларо бо Қирғизистон рӯзи 29 март хоҳем анҷом дод",- изҳор дошт мураббӣ.

Ёдовар мешавем, ки бузургтарин бохти тими Тоҷикистон, ин мағлубият дар бозӣ бо мунтахаби Ҷопон дар бозиҳои интихобӣ барои қаҳрамонии ҷаҳон буд.

11 октябри соли 2011 дар Осака дастаи Тоҷикистон аз соҳибони майдон бо ҳисоби 0:8 мағлуб шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Аделанд дар  муддати 90 дақиқа ягон гол ба дарвозаи рақиб ворид накард.

Дастаи Австралия бошад, ки дар бозӣ бартарии комил дошт, ба дарвозаи Алишер Туйчиев 30 зарба зада, 13-тои онҳо ба поячӯб расида, 7- тои дигар ба тӯри давроза ворид шуданд.

Баъди бозии Австралия- Тоҷикистон (дар гурӯҳи интихобии В) Австралия бо касби 18 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Урдун соҳиби 13 (ҷои дуввум) ва Қирғизистон бо 11 имтиёз дар мақоми саввум қарор доранд. Тоҷикистон 5 хол (дар 7 бозӣ) ба даст оварда, Бангладеш ҳамагӣ 1 имтиёз гирифтааст.

92
Барчаспҳо:
рақобат, бозӣ, қаҳрамонии ҷаҳон, футбол, ҚҶ-2018, ФФТ, бемористони Марказии миллии Душанбе, Азиз Асимов, Муҳсин Муҳаммадиев, Мубин Эргашев, Душанбе, Қирғизистон, Бишкек, Тоҷикистон
Борьба гуштингири, архивное фото

Тасдиқи ҷадвали нави мусобиқоти куштӣ дар соли 2021

59
(Таҷдидшуда 14:10 28.09.2020)
Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ – “UWW” тақвими чорабиниҳояшро барои соли 2021 бо сабаби пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он бозбинӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чемпионатҳои қоравӣ аввали сол, қабл аз мусобиқаҳои интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба нақша гирифта шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла, Чемпионати Осиё миёни калонсолон 16-21 феврали соли 2021 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад.

“Рӯзи 26-28 марти 2021 бошад, дар шаҳри Сияни Чин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Токио дар қораи Осиё ба нақша гирифта шудааст. Сипас, аз 29 апрел то 2 май шаҳри Софияи Булғористон мизбони мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ хоҳад буд”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ба охири моҳи июл гузаронида шуд, то ба Бозиҳои олимпӣ халал нарасонад. Зикр гардид, ки фарқ миёни чемпионати ҷаҳон ва чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон набояд камтар аз як моҳ бошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба далели ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпии наврасон-2022 чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон дар соли 2022 аз нав охири моҳи июн баргузор хоҳанд шуд.

59
Барчаспҳо:
мусобиқа, сабқати кушоди куштӣ, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд

Медалҳои нуқраи "Хуҷанд" ва нахустин шикасти чемпион - "Истиқлол"

136
(Таҷдидшуда 13:11 28.09.2020)
Рӯзҳои 26-27 сентябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, ду давр пеш аз анҷоми чемпионат сазовори медалҳои нуқра гардида, ҷояшро дар Ҷоми КФО-2021 таъмин кард.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳисоби бозиро дар дақиқаи сеюм Дилшод Бозоров кушод. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 12, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 32-юм ду тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф ворид карданд. Дар нимаи дуюм бохтариҳо ташаббус ба даст гирифтанд, вале ба задани ду гол даст ёфтанд - Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 64, Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+2.

Кумитаи миллӣ афзуд, ки бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” – “Истаравшан” мусовӣ – 2:2 хотима ёфт. Голҳои дастаи ноҳияи Рӯдакиро Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Мбаке Диеудонӣ, голҳои “Истаравшан”-ро Отабек Каримов ва Азизҷон Шамсиев ба ҳадаф расониданд.

"Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Се холро ба дасти шаҳри Турсунзода ҳимоятгар Доробҷон Эргашев овард. “Душанбе-83” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷояшро дар лигаи олӣ ҳифз намуд. Голи ягонаро бозингари “Локомотив-Помир” Исроил Холов ба дарвозаи дастааш зад", - омадааст дар иттилоия.

Нахустин шикасти чемпион

Кумита таъкид кард, ки ниҳоят “Истиқлол”, ки унвони чемпиониро аллакай гирифтааст, аввалин бохтро дар чемпионати мамлакат аз дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 чашид. Ягона голро Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 40-ум ба номаш сабт кардааст.

Ҳамин тариқ, то анҷоми 29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ монд.

Дар даври 15-ум, ки 29-30 сентябр баргузор мешавад, "Истаравшан" бо "Файзканд", "Регар-ТадАЗ" бо "Хуҷанд", "Куктош" бо "Истиқлол", "Хатлон" бо "Локомотив-Помир" ва КМВА бо "Душанбе-83" вомехӯранд.

Бозиҳои даври ҷамъбастӣ – 18-ум рӯзи 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давр "Файзканд" бо "Локомотив-Помир", "Душанбе-83" бо "Истиқлол", "Хуҷанд" бо КМВА, "Истаравшан" бо "Хатлон", "Регар-ТадАЗ" бо "Куктош" бозӣ хоҳанд кард

136
Барчаспҳо:
нуқра, чемпионат, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1685
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1685