Бозии Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ

Тими "Истиқлол"- барандаи Суперҷоми Тоҷикистон

31
(Таҷдидшуда 11:45 04.04.2016)
Дастаи "Истиқлол", ки ин дафъа бар тими "Хуҷанд" пирӯз шуд, барои бори шашум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (Ҷоми олии Тоҷикистон) гардид.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Рӯзи гузаштаи 3 апрел мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо бозӣ барои Cуперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон дар    Варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бо ширкати беш аз чаҳор ҳазор мухлис сурат пазируфт, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тими "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015 дар ин бозӣ аз болои дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум легионери украинии "Истиқлол" Александр Каблаш кушод. Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари "Хуҷанд", дар дақиқаи 20-ум ҳисобро баробар намуд. Пас аз як дақиқа ҳимоятгар Давронҷон Эргашев боз "Истиқлол"-ро ба пеш баровард.

Дар даври дуввум дар майдон мубориза боз ҳам шиддат гирифт ва ба бозигари тими "Хуҷанд" Дилшод Каримов дар дақиқаи 73-юм муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи севум ва ҳалкунандаи ин бозиро боз ҳам Александр Каблаш дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тавр, медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи "Хуҷанд" ва медалҳои тилло ба дастаи "Истиқлол" супурда шуда, дар ин маросим ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани "Истиқлол" Нуриддин Давронов тақдим кард.  

31
Барчаспҳо:
рақобат, сабқат, футбол, бозӣ, Суперҷоми Тоҷикистон, дастаи "Хуҷанд", тими "Истиқлол", Федератсияи футболи Тоҷикистон, ФФТ, Хуршед Файзуллозода, Александр Каблаш, Нуриддин Давронов, Турсунзода, Душанбе, Тоҷикистон
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

217
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

217
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор
Душанбинский ФК Истиклол на тренировке в Ташкенте

"Истиқлол" дубора бозигарашро аз тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон овард

77
(Таҷдидшуда 09:12 08.08.2020)
Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” –и Душанбе пас аз танаффуси яксола боз ба ба ин даста  баргашт

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”нимҳимоятгар Амирбек Ҷурабоев, ки тӯли як сол дар тими “Навбаҳор”-и  Ӯзбекистон бозӣ мекард,  дубора ба тим баргашӣ.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи ҷадиди бозигар бо қаҳрамони Тоҷикистон муддати як солро дар бар мегирад, аммо дар бораи маблағи гузариш иттилоъ дода нашудааст.

Амирбек Ҷурабоев қаблан се сол тули мавсимҳои 2016-2019 дар ҳайати “Истиқлол” ҳунарнамоӣ карда бо дастаи пойтахт чандин бор қаҳрамони кишвар, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Абарҷоми мамлакат гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Истиқлол” Амирбек Ҷурабоев бо пероҳани рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан низ бозигари дигари даста Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ дубора ба тими “Истиқлол”-и пойтахт пайваст
Аҳтам Назаров дар дастаи футболи “Башундара Кингз”-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, дубора бо “Истиқлол” шартнома баст.

77
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото

Бештар аз 7 пулиси афғон қурбони инфиҷор дар Ғазна шуданд

0
(Таҷдидшуда 15:53 09.08.2020)
Бино бар иттилои ВКД Афғонистон дар яке аз музофотҳои шарқии кишвар худраве таркидааст. Дар натиҷа 10 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. На камтар аз ҳафт корманди мақомоти милисаи Афғонистон дар пайи инфиҷор дар шарқи Афғонистон осеб дидаанд, гузориш медиҳад "Тулӯъ нюс" дар истинод ба мақомоти амниятии кишвар.

Ҳодиса дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, худраве ки таркидааст, ба кормандони пулис тааллуқ доштааст.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилаи кишвар, пас аз таркиш ҷангиён кӯшиши ҳамла ба урдугоҳи низомӣ кардаанд, аммо безарар гардонида шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи таркиш бештар аз 7 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, 15 нафарашон захмӣ шуданд.

Таъкид мегардад, ки осебдидагонро тавассути чархбол барои расонидани ёрии тиббӣ ба Кобул интиқол доданд.

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

То ҳол гурӯҳе ин амали террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

0