Футбол. ҚҶ-2014. Бозии Бразилия- Хорватия

Шояд Неймар гаронтарин футболбози ҷаҳон гардад

65
(Таҷдидшуда 10:34 06.04.2016)
Клуби фаронсавии “ПCЖ” омода аст маблағи ҷубронро бар асоси шартнома ба ҳамлагари “Барселона” - Неймар ба миқдори беш аз 190 миллион евро пардохт намояд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Трансфери бузургтарин дар футбол ба вуҷқӯъ мепайвандад. Роҳбарияти дастаи фаронсавии "ПСЖ" омода аст, барои ҳамлагар Неймар 193 млн евро пардохт намояд. Ба худи футболбози бразилӣ бошад, 20 млн евро дар як сол ҳаққулзаҳмат дода мешавад. Ин рақам дар қиёс ба музди кори феълиаш 5 маротиба зиёдтар мебошад.

Тавре расонаҳои Фаронса менависанд, адвокати бозигар ба таваҷҷӯҳ аз ҷониби дастаи фаронсавӣ иқрор шуд. Дар баробари ин худи футболбоз чанд маротиба изҳор дошт, ки Порис шаҳри дӯстдоштааш аст.

Дар ин масъала бояд дарк кард, ки агар ягон клуб тавонад маблағи ҷубронро пардохт кунад, шартнома дарҳол бекор карда мешавад. Масъулини "ПСЖ" аллакай изҳор доштанд, ки 193 млн евро барои онҳо рақами оддист. Ҳамааш аз хоҳиши бозингар вобаста аст.

Феълан, футболбози 24-сола фикр мекунад. Ӯ шартномаро бо "Барселона" бо мақсади пешниҳоди маблағи бештар, ба "ҷои" 14,5 млн евро ба имзо нарасонидааст. Мӯҳлати шартномаи қаблиаш то соли 2017 аст.

Агар ҷонибҳо дар трансфер (интиқол)-и Неймар  ба мувофиқа оянд, маблағи ҷуброн дар давоми чанд сол бо мақсади вайрон накардани қоидаҳои молиявии fair play, пардохт карда мешавад.

Дар сурати розӣ нашудани Неймар порисиҳо ба Криштиану Роналдо муроҷаит хоҳанд кард. Футболбози португалӣ аз тими "Реал"-и испониро метавон бо маблағи камтар ҷалб намуд, зеро баъди чанде ӯ 31- сола мешавад.

Тими "ПСЖ" мехоҳад Неймарро ба ҷои Ибрагимович, ки дар навбати худ фаъолияташро дар Чин ё дар Амрико идома доданист, даъват кунад.

Дар ҳоли ҳозир, гаронтарин футболбози ҷаҳон Бэйл мебошад. Тими испании "Реал" барои харидории ӯ ба "Тоттенхэм"-и Англия 100 млн евро пардохт намуд.

65
Барчаспҳо:
қиматтарин, трансфер, бузургтарин, бозигар, футбол, Реал, ПСЖ, "Барселона", Ибрагимович, Неймар, Криштиану Роналдо, Фаронса, Испания, Бразилия