Дилшод Восиев (аз чап) ва Фатҳулло Фатҳуллоев. Акс аз бойгонӣ

Ду тӯби Фатҳулло Фатҳуллоев дар бозии нахустини “Истиқлол”

109
(Таҷдидшуда 10:55 08.04.2016)
Ҳарчанд дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба ин бозӣ бо омодагии ҷиддӣ омада буд, натавонист ба дарвозаи душанбегиҳо тӯб ворид созад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар бозии ифтитоҳии даври аввали Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол, чемпиони чаҳоркаратаи мамлакат, барандаи Суперҷоми имсола, дастаи "Истиқлол" ба дарвозаи "Парвоз"- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 голи беҷавоб зад.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, нахустин голи имсоларо дар мавсими футболи соли 2016 (дар лигаи олӣ) на ҳамлагар, балки ҳимоягари тими "Истиқлол"-и Душанбе Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 29-уми қисми аввали бозӣ ба нишон расонд.

Ҳамин тавр, Фатҳулло Фатҳуллоев, ки дар нимаи аввал ба ҷои ҳамлагари латбардоштаи соҳибони майдон Александр Каблаш ба майдон омада буд, ду тӯби дигарро вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Голи хотимавиро аз "Истиқлол" Манучеҳр Ҷалилов зада, ғалабаи комили тими душанбегиҳоро таъмин сохт.

Бозиҳои дигари даври аввал 9-10 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе дастаи "Регар-ТадАЗ" бо ССКА "Помир", тими "Хуҷанд" бо "Вахш" ва рӯзи якшанбе "Хайр" бо "Равшан" ва "Ҳосилот" бо "Барқчӣ" рақобат мекунанд.

109
Барчаспҳо:
лигаи олӣ, футбол, пирӯзӣ, 4 гол, тими "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ФФТ, Александр Каблаш, Манучеҳр Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тими "Истиқлол"- барандаи Суперҷоми Тоҷикистон
Футбольная лига Таджикистана опубликовала расписание оставшихся матчей первого круга чемпионата страны

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

36
(Таҷдидшуда 15:13 16.07.2020)
Бозиҳои даври ҳаштякфиналӣ 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд, хабар медиҳад "Ховар" дар истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои ФФТ,15 июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар даври ҳаштякфинал ҷуфтҳо  муайян гардиданд.

Дар ин давра дасатаҳои футболи  "Равшан"-и Кӯлоб,  бо "Панҷшер"-и  Ҷалолиддин Балхӣ,  "Истиқлол"-и Душанбе бо  "Моҳир"-и Ёвон, "Барқчӣ"-и  Ҳисор бо  "Локомотив-Помир"-и  Душанбе, "Душанбе-83"-и Душанбе бо "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, "Равшан"-и Зафаробод бо  "Эсхата"-и Хуҷанд, "Файзканд"-и Восеъ бо "Хатлон"-и  Бохтар, "Истаравшан"-и Истаравшан бо КМВА-и  Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо "Куктош"ғ- Рӯдакӣ ба майдон мебароянд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Бозиҳои даври ҳаштякфиналӣ 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.

Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор

Ёдовар мешавем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 имкон пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 намояндагӣ кунад. Агар дар Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон як даста ғолиб ояд, пас дар Ҷоми КФО-2021 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард.

36
Боковой судья, архивное фото

Ҷазои тими “Саройкамар” аз суи ФФТ: ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кард

103
(Таҷдидшуда 12:23 15.07.2020)
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи Футболи Тоҷикистон тими “Саройкамар”-ро барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар вохурии пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон ҷазо додааст

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар масъулони тими “Саройкамар”  дар рақобат бо “Панҷшер” ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин дар ҳолест ки дар ҳар бозӣ барои ивази се бозигар танҳо иҷозат дода шудааст.

Бозии мазкур 7 июл доир гашта бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Саройкамар”   хотима ёфта буд.

Тибқи қарори ниҳоии Кумитаи одоби ФФТ тими “Саройкамар”  ба таври техникӣ маълуб ҳисобида шуда, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи “Панҷшер” ҳал шуд.

Илова бар ин, Кумитаи интизомии ФФТ аз шӯъбаи доварони Федератсия дархост кард, ки нисбати намояндагони расмии бозӣ - дастаи ҳакамон ва нозирони ин вохӯрӣ барои хунукназарӣ нисбат ба кор  ҷазои сахтро татбиқ кунанд.

103
Здание Счетной палаты Таджикистана

27 ширкату корхона аз Палатаи ҳисоб “халос” шуданд шарҳи мақомот

0
 Ҳудуди 27 ширкат дар пайи мораторий аз феҳристи санҷишҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд

 ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар пайи судури як фармони Президенти Тоҷикистон ин ширкату корхонаҳо аз нақшаи санҷишҳо хориҷ карда шуданд.

“Инҳо ширкатҳое ҳастанд, ки бо истеҳсолот машғул ҳастанд ва аз нақшаи корхонаву ширкатҳое, ки бояд соли 2020 аз сӯи Палатаи ҳисоб санҷида мешуданд, ҳазф гардиданд”, - гуфт Қарахон Чиллазода.

Бино ба иттилои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, ин корхонаву ширкатҳо, аз ҷумла “Ангишти Исфара”, “Шахтаи Фон Яғноб”, “Зиддӣ”, “Шӯробод”, “Камаробод”, “Назарайлоқ”, КВД “Сементи тоҷик”, КВД “Нури Ховар”, “Чароғ”, “Грант”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”, Ширкати куҳии саноатии Тоҷикистону Хитой ва ғайра мебошанд.

15 январи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонд, ки бино ба он, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии кишвар то 1 январи соли 2021 ба хотири дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мораторий эълон карда шуд.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Дар пайи ин фармон мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук дар ин муддат ҳаққи санҷишро нахоҳанд дошт.

0