ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 7, 9 ва 10 апрел баргузор шуданд. Дар чор бозӣ мизбонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
Ин мусобиқот рӯзи 7 апрел бо бозии "Истиқлол"-и Душанбе ва "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо пирӯзии “Истиқлол” оғоз гардида, дастаи душанбегиҳо бозиро бо ҳисоби бузурги 4:0 ба нафъи худ анҷом дод.
Ду бозии дигари даври аввал рӯзи шанбе баргузор шуданд. Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд тими меҳмон — "Вахш"-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳар се гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуданд. Тӯбҳоро аз "Хуҷанд" Дилшод Бозоров (47) ва Саидҷон Шарифов (85) заданд. Голи “Вахш”-ро Нуъмонҷон Ҳакимов (90+5) ба ҳадаф расонд.
Манбаъ меафзояд, ҳамчунин, дастаи "Регар-ТадАз" дар майдони худ бо ССКА "Помир"-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Давронҷон Тухтасунов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 8-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Фирӯз Қараев (45+1), бозигари мизбонон пеш аз танаффус ҳисобро баробар намуд ва тӯби ҳалкунандаро як дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ҳамлагари "Регар-ТадАЗ” Бахтиёр Чориев (89) ба ҳадаф расонд.
Рӯзи гузашта бошад, ду бозии боқимонда сурат гирифт. Тими "Хайр"-и Ваҳдат дар майдони худ "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард. Дар ин бозӣ аллакай дар дақиқаи 7-ум капитани “Хайр” Идибек Ҳабибуллоев барои қоидаи бозиро дағалона вайрон кардан аз майдон хориҷ шуд. Вале мизбонон, ки даҳ нафар муқобили ёздаҳ нафар бозӣ карданд, тавонистанд ба дарвозаи меҳмонон чор голи беҷавоб зананд.
Бозии охирини даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои "Ҳосилот"-и Фархор ва "Барқчӣ"-и Душанбе бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.
Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.
“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.
Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.
ФФТ таъкид намудааст, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.