Ниммарафони Душанбе дар соли 2015. Акс аз бойгонӣ

Душанбе: ниммарафони байналмилалӣ дар пойтахт сурат мепазирад

45
(Таҷдидшуда 11:29 12.04.2016)
Дар пойга ба ҷуз варзишгарони тоҷик, иштироки давандаҳои ҳирфаӣ аз Афғонистон, Беларус, ИМА, Канада, Кения, Қазоқистон, Русия ва чанд кишвари дигар дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати Душанбе.

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел барпо мегардад. Ин чорабинии варзишӣ барои бори ҳафтум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар пойга ба ҷуз варзишгарони тоҷик, иштироки давандаҳои ҳирфаӣ аз Афғонистон, Беларус, ИМА, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина, Фаронса, Чин, Эрон ва кишварҳои дигар дар назар аст.

Бояд тазаккур дод, ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010-ум баргузор мешавад, аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.

Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойҳои аввал миёни мардону занон ҷоизапулӣ ба маблағи 27 ҳазору 510 сомонӣ ё муодили 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.  

45
Барчаспҳо:
пойга, варзишгарон, давандаҳо, ниммарафон, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе
Мавзуъ
Чойи сабзи ҷопонӣ. Ё “Мочитсуки” дар маркази Душанбе