Андрей Минжулин. Акс аз бойгонӣ

Имкони афви варзишгароне, ки мушкили “мелдонӣ” доштанд

45
(Таҷдидшуда 17:00 13.04.2016)
WADA қаблан изҳор дошт, ки мавҷудияти то 1 микрограм мелдонӣ дар озмоиши допингӣ, ки то 1 марти соли 2016 барои ташхси супорида шуда буд,мушкилеро дар пай нахоҳад дошт. Миқдори милдоний, ки дар бадани варзишгарони рус дарёфт шуда буд, аз эҳтимоли афви онҳо дарак медиҳад.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Мувофиқи гузориши Оҷонсии ҷаҳонии зиддидпингӣ (WADA) кулли варзишгароне, ки бо ҷурми истифодаи мелдоний аз идомаи ширкат дар сабқатҳои байналмилалӣ маҳрум карда шуда буданд, афв хоҳанд шуд, иброз дошт варзишгари рус Андрей Минжулин аснои суҳбат бо "Р-Спорт".

Моҳи март маълум гардид, ки чор озмоиши допингӣ дар бадани варзишгарони намуди варзиши сабуки Русия натиҷаи мусбат нишон доданд. Дар байни варзишгарон Минжулин, Надежда Котлярова, Гулшат Фазлетдинова ва Олга Вовк  буданд.

Рӯзи чаҳоршанбе WADA натиҷаҳои тадқиқоти фосилавиро нашр кард, ки мувофиқи он истифодаи милдоний ба миқдори то 1 микрограмм то 1 марти 2016 иҷозат дода шудааст.

"Дар рафти санҷиш миқдори милдоний дар бадани ман 50 нг/мл,  аз Гулшат Фазлетдинова 50 нг/мл, аз Котлярова 25 нг/мл ва аз Вовк 20 нг/мл дарёфт гардид. Озмоиш 23-25 феврал гузаронида шуд ва ҳамаи қоидаҳо барои авфи варзишгарон риоя шудаанд",-гуфт Минжулин.

Дар баробари ин WADA қайд намуд, ки тадқиқоти милдоний идома дошта, хулосаҳо дар бораи миқдори мелдоний дар асоси омӯзиши тадқиқоти фосилавӣ муайян шудааст.

 

45
Барчаспҳо:
варзишгарони рус, мелдоний, авф, санҷиш, Оҷонсии ҷаҳонии зиддидпингӣ, WADA, Олга Вовк, Гулшат Фазлетдинова, Надежда Котлярова, Андрей Минжулин, Русия
Мавзуъ
Боз дар бадани 60 варзишгар мелдоний ёфтанд
Сергей Харитонов, архивное фото

Харитонов мегӯяд, Нурмуҳаммадовро танҳо пул метавонад ба UFC баргардонад

134
(Таҷдидшуда 14:33 17.01.2021)
Размикор Сергей Харитонов бар ин бовар аст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадовро танҳо пули калон метавонад ба UFC баргардонад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук, Хабиб Нурмуҳаммадов танҳо барои маблағ метавонад фаъолияташро дубора барқарор кунад, мегӯяд Сергей Харитонов.

Шарте, ки Ҳабиб барои баргаштан ба октагон гузошт: чиро дархост кард?

Рӯзи шанбе сарвари UFC Дана Уайт эълом дошт, ки Нурмуҳаммадов пас аз набарди Дустин Пуэри амрикоӣ ва Конор Макгрегори ирландӣ, ки дар доираи UFC 257 рӯзи 24 январ дар Файт Айленд дар Абу-Даби баргузор мешавад, тасмим мегирад, ки карераро аз сар гирад ё хайр.

"Ин кори шахсии ҳар кас аст, новобаста аз он, ки ягон қарор қабул кунад ё не. Ҳар кас амбицияи худро дорад, ҳама чизи дилхоҳашро карда метавонад. Ҳавасмандии асосӣ пул аст, аз ин рӯ танҳо пул метавонад Хабибро баргардонад", - гуфтааст Харитонов ба РИА Новости.

Нурмагомедов 24 октябри соли гузашта ҳарифи амрикоии худ Ҷастин Гэдҷиро бо роҳи буғӣ кардан, мағлуб кард ва бори сеюм унвони қаҳрамонии UFC-ро ҳифз кард.

Дарҳол пас аз анҷоми набард, размикори 32 - солаи доғистонӣ эълон кард, ки барои ҳамешагӣ октагонро тарк мекунад. Аммо чанде баъд, роҳбари UFC аз эҳтимоли бозгашти Ҳабиб Нурмуҳаммадов хабар дода буд. Размикори доғистонӣ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, дар ягон набард мағлуб нашудааст.

134

Шарте, ки Ҳабиб барои баргаштан ба октагон гузошт: чиро дархост кард?

1609
(Таҷдидшуда 12:29 17.01.2021)
Шарти гузоштаи размикори доғистонӣ аз набардҳои қарибулвуқӯи Конор Макгрегор, Дастин Пуаре, Дэн Ҳукер ва Майк Чендлер вобаста аст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Агар довталабони камарбанди қаҳрамонӣ дар вазни сабук набарди диданиеро нишон диҳанд, шояд қаҳрамони феълӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дубора ба октагон барояд, хабар медиҳад Eurosport бо такя ба изҳороти роҳбари UFC Дана Уайт.

Рӯзи шанбеи 16 январ паси дарҳои баста мулоқоти Ҳабиб бо Дана Уайт баргузор шуд.

Ҳабиб аз талошҳои UFC барои баргардондани ӯ гуфт: "маро ба ҳайрат овардан душвор аст"

Ҳабиб мегӯяд, ҳис мекунад, ки ҳама чизро ба даст овардааст ва минбаъд ҳаваси бозгаштро надорад.

Аммо ӯ илова намудааст, ки посухи ниҳоиро пас аз анҷоми рақобатҳои Конор Макгрегор бо Дастин Пуаре ва Дэн Ҳукер бо Майк Чандлер мегӯяд.

"Ман тасмим гирифтам, ки ду рақобат дар вазни сабуки UFC 257 тамошо кунам. Агар ин чор размикор набарди хуберо нишон диҳанд ва маро водор ба бозгашт намоянд, ман бармегардам", - тавзеҳ додааст шарти асосии Нурмуҳаммадовро роҳбари UFC.

Размикори доғистонӣ пас аз мағлуб кардани ҳарифи амрикоии худ дар моҳи октябри соли гузашта тасмими тарк кардани октагонро эълон кард.

Аммо чанде баъд, роҳбари UFC аз эҳтимоли бозгашти Ҳабиб Нурмуҳаммадов хабар дода буд. Размикори доғистонӣ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, дар ягон набард мағлуб нашудааст.

1609
Барчаспҳо:
бозгашт, иҷрои шарт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
День 18 января

Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 17:45 17.01.2021)
Рӯзи ҳаждаҳуми январ дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1999 радиои "Садои Душанбе" ба фаъолият оғоз кард

Рӯзи 18 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1925 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи "Новый мир" ("Ҷаҳони нав") нашр шуд.

Соли 1960 аввалин маротиба ҳавопаймои Ил-118 аз шаҳри Маскави Русия ба шаҳри Қоҳираи  Миср парвози бетаваққуф анҷом дод.Соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват карданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор  намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатари он ба саломатӣ нависанд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1974 дар ИҶШС се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнат ва медали «Собиқадори меҳнат» таъсис дода шуд.

Соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2018 расонаҳо хабар доданд, Вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

Рӯзи 18 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.

Соли 1999 Радиои "Садои Душанбе" ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2003 бо мақсади такмили низоми идоракунии давлатӣ, президенти ҶТ Фармон дар бораи як қатор тағйирот дар ин низомро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба ҳукумат оид ба барҳамдиҳии баъзе ширкатҳо дастур дода шуд.

Соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмони ҳамкории Шанхай ва лоиҳаи низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро  баррасӣ намуд.

Соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи тафтишотӣ оид ба мутобиқкунии лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти  омода намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017  дар  шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон  бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 январ

Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон