Расул Боқиев

Расул Боқиев: омодаам паҳлавонони тоҷикро дар Маскав машқ диҳам

527
(Таҷдидшуда 18:33 15.04.2016)
Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, дзюдочии шинохта ва қаҳрамони воқеъист. Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008. Чандин дафъа соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардида, барандаи унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи куштист. Sputnik Тоҷикистон маълум кард, ки чӣ гуна варзишгари тоҷик тавонист дар Маскав мактаби варзишиашро ифтитоҳ кунад.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Шаҳраки Олимпӣ (Олимпийская деревня)- ноҳияест дар Маскав. Садҳо биноҳои баландошёна, даҳҳо марказҳои савдо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар ин минтақа ҷой гирифтаанд. Дар қатори онҳо маҷмааи варзишӣ, ки ҳанӯз аз давраҳои Бозиҳои Олимпии соли 1980 машҳур аст, қомат афрохтааст. Волидайн фарзандони худ- қаҳрамонони ояндаро ба ин ҷо барои тамрин меоранд.

— Шумо метавонед ба мо бигӯед, ки мактаби дзюдои Расул Боқиев дар куҷо аст, суол кардем аз маъмур.

— Ана бачаҳо ба назди ӯ ба тамрин мераванд, аз пушти онҳо онҳо равед.

Чуноне маълум шуд, инҳо дермондаҳо буданд. Тамрин аллакай шурӯъ шуда буд. Расул Боқиев дастур медод, ки чӣ гуна машқҳоро бояд анҷом дод. Кӯдакон гӯш мекараданд, маълум буд, ки ҳама ҳаракатҳои варзишӣ  ба онҳо писанд аст. Ба пеш, ба ақиб, "давр занед", давед…

На занятии в школе Расула Бокиева
© Sputnik
Тамрини варзишгарони наврас дар назди Расул Боқиев

 

Мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо халал нарасонида, аз як тараф ҷараёни тамринро мушоҳида намоем. Гузашта аз ин, мо бояд навор мебардоштем ва акс мегирифтем.

Чашмамон ба ҷевони калони шишагӣ, ки дар толор ҷойгир буд афтод.

Спортивные награды Расула Бокиева
© Sputnik
Нишону ҷоизаҳои Расул Боқиев

Дар дохили ҷевон нишону ҷом ва ифтихорномаҳои Расул Боқиев қатор гузошта шудаанд.

Ҷоизаҳои варзишии Расул Боқиев

Дар ҳамин лаҳза нафаре ба назди мо омад, маълум, ки аз ҳамаашон бузургсолтар аст. Дар танаш кеманои "номӣ", ки дар пушташ тарҳи насабаш намудор буд.

Маълум шуд, ки ӯ дар дигар гурӯҳ машқ мекунад, фақат каме барвақт омадааст.

— Иван (ном иваз шудааст-шарҳ аз идора), муроҷиат кардам ба ӯ. Лутфан бигӯ, шумо чӣ қадар вақт ба тамрини дзюдо машғул ҳастӣ?

— Ду сол. Вале пештар дар назди дигар мураббӣ тамрин мекардам. Ин ҷо ба ман бештар писанд аст.

— Барои чӣ ту маҳз дзюдоро интихоб намудӣ?

— Мехоҳам зӯр ва ҷасур бошам.

— Барои чӣ зӯр будан мехоҳӣ?

— То хешону пайвандонамро муҳофизат намоям.

— Чанд сол дорӣ?

— Ҳаштсолаам. Дар синфи дуюм таҳсил мекунам.

Ин лаҳза машқ анҷом ёфт ва лаҳзаи сӯҳбат бо Расул Боқиев фаро расид.

— Қаблан ман дар мактаби Самбо-70 тамрин мекардам. Ҳамроҳам директори Шаҳраки Олимпӣ- Дмитрий Кузнетсов низ ба машқи бадан машғул мешуд. Маҳз ӯ ба ман пешниҳод намуд, то мактаби бо номи "Расул Боқиев"-ро дар Шаҳраки Олимпӣ таъсис бидиҳам.

-Оё варзишгарони номдорро ба мактабатон даъват мекунед?

— Албатта. Масалан, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои Олимпӣ, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон дар риштаи дзюдо Александр Михайлин ин ҷо машқ мекунад. Ин аз он дарак медиҳад, ки мактаби дзюдои Расул Боқиевро аллакай мешиносанд ва арҷ мегузоранд.

-Шумо аллакай мураббӣ шудед. Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти варзишии шумо ба анҷом расид. Чӣ эҳсосе доред, ки натавонистед Қаҳрамони олимпӣ шавед?  

— Ғамгин нестам. Дар шароите, ки ман қарор доштам ба пуррагӣ қобилияти худро истифода намудам. Ба ман даст надод, то медали "тилло" бигирам, вале ин ҳам бо гуноҳи худам. Дар бозиҳои Олимпӣ ман соҳиби нишони биринҷӣ гардидам, яъне қобилияти ман то ҳамин дараҷа аст. Фикр мекунам, маъно надорад фикр кардан, "чӣ мешуд агар". Озурда шудан лозим нест, ҳамаро чуноне, ки ҳаст бояд қабул кард.

-Беҳтарин лаҳзаи варзишиатонро дар ёд доред?

— Албатта, ин Бозиҳои Олимпии соли 2008 мебошад. Ман натавонистам медали "тилло" бигирам, вале ин бо гуноҳи худам. Бояд боҳуштар мебудам ва аз ҷиҳати истифодаи "тактика" фаъолтар. Ман солҳои зиёд дар Тоҷикистон ба гуштигирӣ машғул будам. Ба амалҳои бапуштзанӣ одат карда будам, бояд "тактика"-ро низ хуб аз худ мекардам. Рақибам аз ман чолоктар буд…

Расул Бокиев (слева) на Олимпийских играх 2008 года. Архивное фото
© AFP 2019 / CHRISTOPHE SIMON
Расул Боқиев аснои сабқат дар Бозиҳои Олимпии 2008

-Шояд фаъолияти варзишиатонро дар бахши  муҳориба бидуни қоида идома диҳед?

 -Ин намуди варзиш бароям шавқовар нест. Боре маро ба муҳориба даъват намуда буданд. Ман он ҷо мушоҳида кардам, ки чӣ гуна ду марди азимҷусса якдигарро мезананд. Наонқадар намуди хуби варзиш аст. Дзюдо-гапи дигар, ин намуди зебои варзиш аст, ки фалсафаи худро дорад.

-Дар бахши сиёсат худро санҷиданӣ нестед, монанди ҳамкоратон Дмитрий Носов (дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии 2004, вакили Думаи ФР-шарҳ аз идора.)?

— Ман дар майдон мутахассисам. Кореро, ки ман анҷом медиҳам ба ман писанд аст. Бароям шавқовар аст таҷрибаи худро ба кӯдакон омӯхтан. Ман мехоҳам шогирдонам боиси ифтихори ман ва мактаби Шаҳраки Олимпӣ гарданд. Бо ин роҳ ман метавонам миннатдории худро ба нафароне, ки ба ман бовар карданд, баён намоям.

-Шумо тайи чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунед. Тоҷикистонро ёд накардаед?

— Зиндагӣ ҳамин тавр сурат гирифт, яъне онро бояд имрӯз ва дар ҳамин ҷо қабул кард. Имрӯз ман ба машқ додани кӯдакон машғулам ва миннатдории худро ба нафароне, ки дар ин роҳ ба ман кӯмак карданд, то худро дар зиндагӣ пайдо кунам, баён менамоям. Дар Тоҷикистон мураббиёни соҳибихтисос ҳастанд. Боварӣ дорам, ки онҳо муваффақ мешаванд.

-Хуб, агар варзишгар аз Тоҷикистон ба наздатон барои тамрин биёяд, қабул мекунед?

— Албатта. Ман дар мактабам ҳамаро қабул мекунам. Варзишгари номӣ ё навомӯз. Аз ҳама муҳимаш ман бояд донам, барои чӣ ӯ назди ман меояд. Ӯ хоҳиши қаҳрамон шудан дорад, ё танҳо қавӣ будан. Ин ба муайян кардани ҷараёни тамрин кӯмак мекунад.

Ва агар намояндаи мактаби Расул Боқиев дар мусобиқа дастболо гардад, яъне мо дар роҳи рост ҳастем.

527
Барчаспҳо:
наврасон, машқ, тамрин, мактаб, дзюдо, Бозиҳои олимпии 2008, Федератсияи дзюдои Русия, шаҳраки Олимпӣ, Мактаби дзюдои Расул Боқиев, Александр Михайлин, Дмитрий Носов, Расул Боқиев, Душанбе, Тоҷикистон, Русия, Маскав
Мавзуъ
Пирӯзии Расул Боқиев дар сабқати дзюдо дар Маскав
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224
Пресс-секретарь Федерации футбола Таджикистана Фаридун Салиев

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

186
Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро футболбозони тоҷик аз ҷониби клубҳои ҷаҳонӣ бо арзиши воқеии худ харида намешаванд ва ҳамзамон ба он дастаҳо роҳ намеёбанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Портали олмонии transfermarkt.de, ки маълумотҳоро оид ба гузариш ва нархномаи бозигарон нашр мекунад, маълумотро дар бораи арзиши бозигарон дар Лигаи олии Тоҷикистон нав кард. Тибқи нишондоди он, дар маҷмӯъ, айни ҳол, чемпионати Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаи 18 миллион евроро паси сар кунад.

Ҳар як рейтинги варзишӣ шартӣ аст, гуфт Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар солҳои  гузашта, то ҳол чунин ҳолате рух надодааст, ки як бозигар аз клуби футболи Тоҷикистон ба маблағи 200 ҳазор евро ё 150 ҳазор евро гузариш карда бошад", - гуфт Салиев.

Ба гуфти ӯ, ҳамаи бозигарони тоҷик асосан ба ҳайси агенти озод интиқол дода мешаванд.

"Асосан, футболбозони мо ба чемпионатҳои Индонезия, Бангладеш, Малайзия мераванд: дар он ҷо ба онҳо маоши хуб пешниҳод карда мешавад. Чӣ қадаре ки бозигарон таҷрибаи бозӣ дар клубҳои хориҷиро доранд, тими миллии Тоҷикистон қавитар хоҳад буд", қайд кард коршинос.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Сухангӯи ФТФ гуфт, ки мушкили асосӣ ин набудани агентҳо дар бозори футболи тоҷик аст, ки бозингаронро ба Аврупо бурда тавонад.

186
Вакцина от COVID-19 во время тестирования в исследовательском центре вакцин

Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

0
(Таҷдидшуда 17:14 05.08.2020)
Русия тасмим дорад дар моҳҳои январ ва феврал ваксинаи зидди вируси коронаро миёни кӯдакон имтиҳон кунад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Маркази тадқиқоти миллии ба номи Гамалеи тасмим гирифтааст, санҷиши ваксинаи зидди вируси коронаро дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 миёни кӯдакону наврасон имтиҳон кунанд, иттилоъ додааст  ба хабаргузории РИА Новости роҳбари марказ Александр Гинсбург.

“Мо ҳоло санадҳои дахлдорро омода дорем, чун қаблан ҳеҷ гоҳ пажуҳишгоҳи мо санҷишҳои ваксинаро дар кӯдак имтиҳон накарда буд. Пизишкони кӯдакон хусусияти инро медонад ва мо дар якҷоягӣ бо онҳо санадҳои дахлдорро омода дорем, ки ба вазорати тандурустӣ пешниҳод хоҳем кард. Санадҳои мазкур барои он лазим ҳастанд, ки мо тавонем санҷишҳоро миёни кӯдакон идома диҳем, танҳо пас аз анҷоми санҷишҳои миёни калонсолон”, - гуфт Гинсбург

Ба гуфтаи вай, санҷишҳо зимистон оғоз мешаванд, чунки марҳилаи севуми санҷишҳои ваксинаи зидди вируси корона миёни калонсолон ҳудуди панҷ моҳ тӯл мекашад. Дар он беш аз ду ҳазор довталабон иштирок хоҳанд кард.

Санҷиши ваксина бар зидди вируси корона сохти Русия

Қаблан вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко дар бораи анҷоми санҷишҳои ваксинаи зидди вируси коронаи истеҳсоли Маркази миллии пажуҳиши эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи эълон карда буд.

Вай қайд кард, ки мақомот ваксинатсияи сартосариро моҳи октябри соли равон шурӯъ хоҳад кард. Дар марҳилаи аввал ваксинатсия дар  “гуруҳҳои вижа” ба хусус пизишкон ва муаллимон сурат мегирад.  

Ин ваксина дар якҷоягӣ бо мутахассисони ин марказ ва вазорати дифои Русия ба даст омадааст. Дар авохири моҳи июли соли равон аз беморхонаи вазорати дифоъ  гурӯҳи дуюми 20 довталабро ҷавоб доданд. Зимни ин санҷишҳо дар бадани ҳар як довталаб иммунитет дар муқобили вируси корона пайдо шуд  ва ҳеҷ аломате манфӣ мушоҳида нашуд.

Ҳамчунин санҷишҳо дар маркази “Вектор” низ анҷом шудааст. Ин марказ тасмим дорад ба истеҳсоли ваксина моҳи ноябри соли равон оғоз намояд.  

0
Барчаспҳо:
имтиҳон, санҷиш, кӯдакон, вирус, Русия