Бозии футболи тимҳои занонаи Ласточка ва Регар- ТадАз

Мағлубияти тими бонувони навраси Тоҷикистон аз Эрон

30
(Таҷдидшуда 11:15 27.04.2016)
Дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе бошад, бозии гуруҳи “В” баргузор шуда, тими Бангландеш ҳарифаш дастаи бонувони футболи Ҳиндро ба ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дастаи футболи бонувони Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи  чемпионати Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ миёни духтарони то 14-сола тими духтарони ҷавони Эрон ба ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, менависад сомонаи расмии ФФТ.

"Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи Академияи "Истиқлол", воқеъ дар дараи Алмосӣ баргузор шуд, тӯби аввалро ба дарвозаи мизбонон Марям Муҳаммадӣ ворид кард. Дар дақиқаи 30-юми бозӣ Баҳор Сироус тӯби дуюм ва 6 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ боз як голи дигарро ба самар расонд",- меафзояд манбаъ.   

Дар бозии дигари гуруҳи "А" футболбозони навраси Қирғизистон ба ҳамсолони худ аз Бутан ба ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд. Дар варзишгоҳи "Авиатор"-и шаҳри Душанбе бошад, бозии гуруҳи "В" баргузор шуда, тими Бангландеш ҳарифаш дастаи бонувони футболи Ҳиндро ба ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.

Имрӯз бонувони футболбози навраси Тоҷикистон дар майдони "Истиқлол" —и Алмосӣ бо тими пирӯзи Бутан сабқат хоҳанд кард, ҳамчунин дар Алмосӣ бонувони навраси Эрон бо ҳамсолони қирғизи худ бозӣ мекунанд, дар варзишгоҳи "Авиатор" бозингарони тими Непал бо ҳамсолонашон аз Ҳинд мусобиқа хоҳанд кард.

30
Барчаспҳо:
тӯб, мағлубият, шикаст, бозӣ, футболи бонувон, чемпионати Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ миёни духтарони то 14-сола, варзишгоҳи Академияи "Истиқлол", тими бонувони Эрон, дастаи футболи бонувони ҷавони Тоҷикистон, Марям Муҳаммадӣ, Баҳор Сироус, Ҳисор, Эрон, Тоҷикистон
Мавзуъ
“Ласточка”- ғолиби мусобиқаи футбол бахшида ба 8 март