Комроншоҳи Устопириён ҳангоми мубориза. Акс аз бойгонӣ

Дзюдочиёни Тоҷикистон ба Боку ва Алмато мераванд

44
(Таҷдидшуда 10:09 04.05.2016)
Рӯзҳои 6-8 май дар Боку ва 13-15-уми ҳамин моҳ дар Алмато мусобиқаҳои бузург барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ-2016 оид ба ҷудо баргузор мегарданд.

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар сабқат дар Озарбойҷон аз Тоҷикистон Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кг ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни аз 100 кг боло иштирок мекунанд. Онҳо номзадҳои дарёфти роҳхат ба Рои аз Тоҷикистон ҳастанд.

Интихоби расмӣ рӯзи 30 май доир гардида, 22 варзишгари беҳтарини риштаи ҷудои мардона ва 14 варзишгарон аз ҷинси зан ба Бозиҳои Олимпӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Боз як варзишгари тоҷик аз ҷониби рейтинги Осиё соҳиби иҷозатномаи иштирок дар бозиҳои ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Ба ин иҷозатнома Саидҷалол Саидов ё Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мушарраф хоҳанд гардид. Гирифтани иҷозатнома баъди натиҷаҳои мусобиқаи моҳи май маълум мешавад.

Барои ҷой гирифтан дар рейтинги Топ-22,варзишгарон бояд зиёда аз 600 имтиёз дошта бошанд. Барои ҳамин ҳам Комроншоҳи Устопириён бо мурабии худ Владимир Елчанинов нақша доранд аз 700 имтиёз зиёдтар ба даст оварда ба Бозиҳои Олимпӣ омодагӣ бинанд.

Федератсияи байналмиллалии ҷудо чанд рӯз қабл рейтинги номзадҳо варзишгаронеро, ки ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳ ёфтаанд нашр кард.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90кг дар ин рӯйхат дар зинаи нӯҳум қарор гирифт ва аллакай соҳиби роҳхат шуд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни +100 дар ҷои 47 ва Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кг дар сатри 43-юм қарор дорад. Дарёфти роҳхати онҳо аз мусобиқаҳои дар пеш истода вобаста аст.

 

 

44
Барчаспҳо:
ҷудо, роҳхати олимпӣ, сабқат, иҷозатнома, мусобиқа, Федератсияи байналмиллалии дзюдо, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён, Алмаато, Боку, Тоҷикистон
Мавзуъ
Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд