Дар Душанбе қаҳрамонии пойтахт оид ба муборизаи умумӣ доир гардид

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкМуборизаи тан ба тан. Акс аз бойгонӣ
Муборизаи тан ба тан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сабқатҳо варзишгарони синну солашон аз 10 то 17 сола аз рӯи 22 категорияи вазнӣ иштирок карданд. Дар баробари ин намояндагони шаҳри Душанбе аз рӯи муборизаи универсалӣ дар байни варзишгарони шаҳрҳои гуногуни кишвар ҷои якумро соҳиб шуданд.

ДУШАНБЕ, 4 май- Sputnik. Дар мусобиқаҳои шаҳрӣ зиёда аз 100 варзишгари наврас аз Душанбе иштирок карданд.

Иштирокчиён мусобиқа варзишгарони  аз 10 то 17 сола буда, аз рӯи 22 категорияи вазнӣ байни ҳам рақобат карданд.

Ғолибони қаҳрамонии Душанбе аз рӯи варзиши муборизаи умумӣ: аз байни варзишгарони синну солашон (10-11) Назирмадов Зиёдулло, Ҳамитов Саидакбар, Саидов Сулаймон, Муҳаммадҷони Насриддин; (12-13) Сафаров Ёқуб, Оев Бахтиёр, Саидов Ҳайдар, Алиҷони Набиулло; (14-15) Раҳматуллои Асадулло, Хокироев Некрӯз, Эгамов Заррух, Рустамов Ҷаҳонгар, Саидов Абдураҳмон; (16-17) Ҳакими Карим, Самариддини Улуғбек, Зардиев Дилшод, Забиров Аюб ва Салимов Сангалӣ гардиданд.

Шамшерзанӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Мушкетёрон”-и Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё баромад карданд

Дар баробари ин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи кушод оид ба муборизаи тахассусии умумӣ баргузор гардида, варзишгарони Душанбе, ноҳияи Турсунзода, Рӯдакӣ ва Қирғизистонро ба ҳам овард.

Намояндагони пойтахт-Олимон Шамил ва Сафаров Абубакр соҳиби ҷои авввал гардиданд. Акнун онҳо ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ байни наврасон, ки моҳи июн дар Русия баргузор мешавад омодагӣ мебинанд.

Ҳамчунин қаблан гурӯҳи варзишгарони Тоҷикистон дар сабқати бузург, қаҳармонии Осиё оид ба муборизаи миллии эронӣ,ки дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон баргузор гардид, ширкат карда, соҳиби чор медал гардиданд.

Дар қаҳрамонии Осиё варзишгарони 24 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок карданд. Намояндагони тоҷик: дар ҳайати Асила Каримова дар вазни (51кг), Сайфиддин Сафаралӣ (60кг), Афзалшо Урозов (65кг), Бахтибек Каримов (65кг), Фирдавсҷон Шарипов (70кг) ширкат варзиданд.

Варзишгарони мо дар ин мусобиқа чор медали биринҷӣ ба даст оварданд. Соҳибони нишонҳо Асила Каримова, Сайфиддин Сафаралӣ, Афзалшо Урозов ва Фирдавсҷон Шарипов мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0