Дастпӯши боксӣ. Акс аз бойгонӣ

Қаҳрамонии Осиё миёни донишҷуён дар Душанбе

36
Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, 3 май оғоз ёфт, то рӯзи 7 май идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар мусобиқа беш аз 100 донишҷӯ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Муғулистон, Тайланд, Тоҷикистон, Турманистон, Чин, Ҷопон ва Эрон ширкат мекунанд, иттилоъ медиҳад сухангӯи хадамоти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Зубайдулло Маҳмадуллоев.

Раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) ва Бег Сабур (аз чап) аснои ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ дар Кӯлоб
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Мусобиқаро Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) ва Федератсияи варзиши донишҷӯёни Осиё (AUSF) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва Ассотсиатсияи ҷавонони варзишгари донишҷӯи ҷумҳурӣ доир кардаанд.

Дар мусобиқа, ки донишҷӯёни зиёда аз даҳ ҷумҳуриро ба ҳам меорад, варзишгарон аз рӯи даҳ вазн (то 49, 52, 56, 60, 64, 69, 75, 81, 91 ва +91 кг)-мардон ва аз рӯи се вазн (то 51, 60 ва 75 кг)-занон бо ҳам рақобат мекунанд.

Сабқатҳои даври пешакӣ шоми рӯзи панҷшанбе ба анҷом расиданд. Имрӯз бошад  қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд. Ғолибони мусобиқа дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 7 май баргузор мегардад, маълум хоҳанд шуд. 

36
Барчаспҳо:
донишҷӯёни боксер, қаҳрамонии Осиё, мусобиқа, AUSF, Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU), Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Медали биринҷии Шоира ва бохти Мавзуна Чориева дар Ҷоми ҷаҳонии бокс