Дзюдо. Акс аз бойгонӣ

Дзюдочиёни ҶТ: то ҳол бе медал, дар интизори Гран-при қабл аз Рио-2016

27
(Таҷдидшуда 17:07 05.08.2016)
Дар риштаи ҷудо (дзюдо)Тоҷикистон расман як роҳхат дорад, ки онро Комроншоҳи Устопириён ба даст оварда буд. Боз як варзишгари тоҷик метавонад иҷозатномаро аз рейтинги Осиёӣ соҳиб шавад. Ин иҷозатномаро ё Саидҷалол Саидов ё Муҳаммадмурод Абдураҳмонов хоҳад гирифт.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар сабқати байналмиллалии Grand Slam, ки дар риштаи ҷудо дар Боку доир гардид, бе медал монданд.

Дар Озарбойҷон бошад мусобиқаи бузурги Grand Slam (Большой шлем) аз рӯи ҳафт котегорияи вазнӣ байни занон ва мардон баргузор гардид.

Аз Тоҷикистон се варзишгар-Фарҳод Раҳимов(81кг), Саидҷалол Саидов(100кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов(+100 кг) ба майдони разм баромаданд. Саидов дар рақобати аввал аз варзишгари бразилӣ Рафаэло Бузакарини шикаст хурд, Абдураҳмонов бошад дар рақобати  нахуст дзюдочии Чехия-Мичел Хоракро мағлуб намуда дар муборизаи баъдӣ аз варзишгари монгол Темуулен Баттулга шикаст хурд. Раҳимов дар муборизаи якум бо Карлос Лузи португалӣ рақобат намуда, мағлуб гардид.

Аз рӯи ҳисоби умумӣ Ҷопон бо з медали тилло ва 2 нишони биринҷӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Варзишгарони Ҳолланд соҳиби 2 медали тилло ва 1 биринҷӣ шуданд. Мусобиқаҳои дигар аз 13 то 15 май-Гран-при дар Алмато баргузор мешаванд. Ин мусобиқаҳои охирин қабл аз Олимпиадаи Рио хоҳад буд.

Хазинаи мукофот 154000 долларро дар бар мегирад: барои ҷои 1-ум-5000 доллар (4000 барои варзишгар ва 1000 барои мараббӣ), ҷои 2-юм: 3000 доллар (2400 барои дзюдочӣ ва 600 барои мураббӣ), ҷои 3-юм: 1500 доллар (1200 барои варзишгар ва 300 барои мураббӣ). Дар мусобиқаҳо 447 варзишгар (279 мард ва 168 зан) аз 76 давлати дунё иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интиҳоии интихобӣ барои Бозиҳои Рио-2016 рӯзи 30 май ба анҷом мерасад. Ва 22 намояндагони беҳтарин аз байни мардон ва 14 варзишгар аз байни занон ба Олимпиада-2016 роҳ хоҳанд ёфт.

Дар риштаи ҷудо Тоҷикистон расман як роҳхат дорад, ки онро Комроншоҳи Устопириён қаҳрамони нотакрор ба даст овард. Боз як варзишгари тоҷик метавонад иҷозатномаро аз рейтинги Осиёӣ соҳиб шавад. Ин иҷозатномаро ё Саидҷалол Саидов ё Муҳаммадмурод Абдураҳмонов хоҳад гирифт. Дарёфти роҳхати онҳо аз мусобиқаҳои дар пеш истода вобаста аст.

27
Барчаспҳо:
мағлубият, варзишгарони тоҷик, дзюдо, Grand Slam, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Фарҳод Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Боку
Мавзуҳо:
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
Мавзуъ
Дзюдочиёни Тоҷикистон ба Боку ва Алмато мераванд