Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ

Нишони нуқраи Дилшод Назаров дар Гран-прии Чехия

23
(Таҷдидшуда 11:15 23.05.2016)
Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров, ягона варзишгари тоҷик мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Женейро гардидааст.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-при "Оstrava golden spike" дар Ҷумҳурии Чехия мақоми дуввумро касб карда, соҳиби медали нуқраи ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ гардид.

Дилшод Назаров бо ордени Шараф сарфароз гардид. 28 августи соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,82 метр партофта, ҷойи дуввумро ба худ ихтисос дод. Павел Файдек, аз Лаҳистон соҳиби мақоми аввал ва Маркел Ломнитский аз Словакия соҳиби ҷойи севвум гардиданд.

Маврид ба ёдоварист, моҳи майи соли гузашта низ Дилшод дар ҳамин мусобиқа бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб карда буд.  

Дилшод Назаров, нахустин варзишгари тоҷик мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Женейро гардидааст. Ӯ дар суҳбат ба хабарнигорон ба даст овардани медал дар Олимпиадаро "мақсади олӣ" унвон кардааст.

Варзишгари 34-сола, ки алъон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ҳам мебошад, шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона — соли  2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон ҳимоят кардааст.

23
Барчаспҳо:
мақоми дуввум, медал, олимпиада, сабқат, Оstrava golden spike, Дилшод Назаров, Чехия
Мавзуъ
Дилшод Назаров соҳиби медали нуқра ва 30.000$ гардид
Дилшод Назаров аввалин роҳхати Олимпиадаи 2016-ро соҳиб шуд
Дилшод Назаров - беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон

"Сахт пазмонат мешавам": таассуфи роҳбари UFC аз марги Абдулманап ва нашр намудани навор

406
Дана Уайт дар робита ба фавти Абдулманап Нурмуҳаммадов падар ва мурабии қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов навореро нашр намудааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Роҳбари UFC Дана Уайт дар Twitter навореро нашр намудааст, ки ба Абдулманап Нурмуҳаммадов бахшида шудааст.

Уайт аз марги мураббии шинохта изҳори таассуф намуда, зери навор чунин навиштааст:

"Сахт пазмонат мешавам, ҷаноби Нурмуҳаммадов".

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳамадовро 25 апрел бо нишонаҳои коронавирус ба яке аз дармонгоҳҳои Доғистон бистарӣ намуданд.

Аммо чун вазъи саломатии ӯ рӯ ба бадшавӣ ниҳод, ӯро 3 - юми май фавран ба шаҳри Маскав интиқол доданд.

Ба изҳори Рамазон Рабаданов дӯсти ин хонавода, Абдулманап сактаи қалбӣ ва мағзи сар шуда, ки дар натиҷа кори дилаш мӯътадил шуд, аммо сактаи мағзи сар бидуни таӯйир монд.

"Ӯ ба ҳуш наомада ҷон бохт", - афзуд Рабаданов пас аз марги Абдулманап.

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

406

Месси "Барселона"-ро тарк мекунад?

188
(Таҷдидшуда 11:01 05.07.2020)
Ҳамлавар ва капитани бошгоҳи "Барселона"-и Испания Лионел Месси нақша дорад, ки соли 2021 клубро тарк кунад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ба гуфтаи Cadena SER, ҳамлагари 33-сола нақша дорад тимро баъди хотимаи мавсими ҷорӣ тарк кунад.

Гуфта мешавад, нокомиҳои ахири дастаи Каталония боис гаштааст, ки бозигари аргентинӣ дар бораи тағйтри дастааш фикр кунад.

Cadena SER қайд мекунад, ки Месси ба нафарони наздикони худ гуфтааст, ки намехоҳад барои “Барселонп” бори гарон шавад.

Инчунин Месси аз хабарҳои бардуруғе, ки дар борааш паҳн мешаванд, ки гӯё ӯ ҳайатро дар “Барса” муайян мекунад, хаста шудааст.

Дар ин мавсим Месси дар Ла Лига дар ҳайати Барселона 28 бозӣ гузаронида, 22 гол задааст ва 18 тӯби головар додааст.

Футболбози аргентинӣ ҳоло расман хабарҳоро шарҳ надодааст.

Месси ё Роналду: беҳтарин футболисти аср эълон шуд

Дар умум Лионел Месси 33-сола дар ҳайати Барселона даҳ чемпионати Испания, чаҳор Лигаи чемпионҳо, шаш Кубокҳои Испания ва се Суперҷоми Аврупоро бурд кардааст.

Вай рекорди мутлақро дар задани голҳо (зиёда аз 500) дар ҳайати клуби Каталонӣ гузоштааст.

Ӯ ғолиби шаш каратаи Тӯби тиллоӣ мебошад.

188
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Шоира Бузрукова сартабиби таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд

0
Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд сана 4 июли соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар бораи марзи табиб Назира Ғаффорӣ дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ додааст.

Баҳодурхон Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик
“4 июли соли 2020 дили яке аз инсонҳои наҷиб, табиби ҳозиқ, вориси арзандаи Сино, бонуи оқилу бафазилат, номзади илмҳои тиб, роҳбари кордону ташаббускор, ташкилотчии моҳир, зани соҳибмаърифату соҳибикром, матиниродаву накӯкор, зиндагидӯсту зебопараст, ҳалиму меҳрубон, хушсухану хушодоб, модари мушфиқу ғамхор Бузурукова Шоирахон Камоловна аз тапиш бозмонд”,-навиштааст хонум Ғаффорӣ.

Ба навиштаи ӯ, Шоирахон Камоловна барои рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ҳамчун вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд дар ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, хосатан дар соҳаи тиб саҳми шоиста гузоштааст.

Аммо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани табиб иттилоъ дода нашудааст.

Гуфта мешавад, Шоира Бузрукова, дар раёсати тандурустии вилояти Суғд кор кардаву муддатҳо  таваллудхонаи шаҳри Хуҷандро роҳбарӣ мекард.

Солҳои охир вай ба ҳайси сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд  ва ҳамзамон вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд буд.

0