ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо вазири врзиши ФР Виталий Мутко вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сафорат.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини аввали федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев иштирок кард.
Ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баррасӣ намуданд, ки метавонад ба боз ҳам наздик шудани халқ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни ду кишвар мусоидат намояд.
Иштирокчиён ҳамчунин масъалаи ба имзо расонидани меморандум дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муҳокима карданд.
"Интизор меравад, ки меморандум дар ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иштирокчиёни Созишнома дар бораи тарбияи ҷисмонии кишварҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои наздик баргузор хоҳад шуд, ба имзо мерасад",-омадааст дар иттилоия.
Ҳуҷҷати мазкур бахшҳои зеринро дар бар хоҳад гирифт: варзиши олӣ, варзиши оммавӣ, варзиши маъюбон, варзиши кӯдакон ва наврасон, мубориза бар зидди допинг ва гузаронидани мусобиқаҳои бузурги варзишӣ.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.
Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд
Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Кумита оид ба мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Кумита, бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра гузаронда мешаванд.
"Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад", - менависад манбаъ.
Ду дастаи аввали лигаи якуми Тоҷикистон ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар соли оянда ба даст меоранд.
Гаронарзиштарин футболбози рус 20 миллион евро мегирад: ӯ кист?
Бояд зикр кард, ки қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд.