Футболбозони ҷавони тоҷик ба Вэйнани Чин рафтанд

© Официальный сайт ФФТМунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ, ки дар шаҳри Вэйнан баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Туркманистон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи ҷоми "Роҳи Абрешим"-Хуашан-2016" ишитирок мекунад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Виталий Левченко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Виталий Левченко сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони ҶТ таъин шуд

Мусобиқа аз 11 июл то 15 ҳамин моҳ дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор мегардад.

"Дар мусобиқаи байналмиллалӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои ҷавонони Чин, Корияи Ҷанубӣ ва Туркманистон вохӯрӣ анҷом медиҳад",-омадааст дар хабарнома.

Бозии аввалини мунтахаби Тоҷикистон имрӯз 11 июл бо Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад.

Дар даври дуюм, ки рӯзи 13 июл доир мешавад, бозигарони ҷавони тоҷик бо мунтахаби Туркмнистон вохӯрда дар ниҳояти бозӣ, ки рӯзи 15 июл баргузор мегардад, бо мунтахаби Чин бозӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0