Мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия ва Туркманистон вомехӯрад

© Официальный сайт ФФТМунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол. Акс аз бойгонӣ
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи вохӯрии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои миллии Сурия ва Турманистон ба мувофиқа расид.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вохӯрии тими миллии Тоҷикистон ва Сурия рӯзи 27 августи соли равон дар майдони варзишии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" дар Хуҷанд, ки 25 ҳазор ҷои нишаст дорад  доир мегардад.

Тӯби футбол - Sputnik Тоҷикистон
ФИФА: рейтинги мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 зина поин рафтааст

Дар айни ҳол дастаи Сурия дар рейгинги ФИФА дар 104-ум ҷой қарор гирифта,1 сентябр дар доираи бозҳои интихобии Чемпионат-2018 бо тими Узбакистон дар Тошканд вомехӯрад.

Дар баробари ин мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон, ки дар ҷои 120-ум қарор дорад, вохӯрии дӯстона анҷом хоҳад дод. Ин вохӯрӣ 9 ноябри соли ҷорӣ дар майдони марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ФФТ.

Ҳамчунин мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаи Фаластин, ки дар рейтинги ФИФА дар ҷои 114-ум қарор дорад, ду вохӯрии дӯстона анҷом хоҳад дод.

Вохӯрии аввал 6 сентябр дар майдони "Дура"-и Хеврон доир гардида, бозии дуюм 3 октябр дар майдони марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0