Мунтахаби Тоҷикистон барои Ҷоми президенти Қазоқистон мубориза мебарад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкТӯб. Акс аз бойгонӣ
Тӯб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 7 то 13 август дар шаҳри Шимкент баргузор мешавад ширкат хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Шимкенти Қазоқистон барои бори аввал мусобиқаи байналмиллӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми президенти ҶҚ доир гардида, мунтахабҳои Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Албания, Тоҷикистон ва ду дастаи Қазоқистонро ба ҳам меорад.

Бино ба иттилои ВАО-и Қазоқистон дар сабқатҳои байналмиллалӣ оид ба футбол, ки аз 7 то 13 августи соли ҷорӣ баргузор мегарданд, ҳашт даста иштирок мекунад.

Намояндагони мунтахабҳои Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Албания, Тоҷикистон ва ду дастаи Қазоқистон кишварҳои худро дар мусобиқа муаррифӣ хоҳанд кард.

Ин намуди мусобиқа барои бори нуҳум гузаронида мешавад. Қаблан сабқат дар Остона ва Алмаато баргузор шуда, акнун бори аввал дар вилояти ҷануби Қазоқистон доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусоқибаи ҳаштум барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон мубориза бурда дар мақоми шашум қарор гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0