Тӯби футбол. Акс аз бойгонӣ

Сармураббии ҷадиди ССКА Помир Тоҳир Муминов интихоб гардид

13
(Таҷдидшуда 16:55 20.07.2016)
Аллакай дар рӯзҳои истироҳат сармураббии нав бо дастааш бо тими “Регар ТадАз” дар мусобиқаи 1/8 ҷоми Тоҷикистон иштирок мекунад.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Номи сармураббии ҷадиди ССКА Помир маълум гардид, иттилоъ медиҳад хадамотии матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Тоҳир Муминов футболбози машҳур ва яке аз бомбардирони беҳтарини ҷумҳурӣ дар вазифаи сармураббии дастаи ССКА Помир Раҳматулло Фузайловро иваз кард",-омадааст дар иттилоия.

Қабл аз сармураббии дастаи ССКА Помир интихоб шуданнаш бозигар сармураббигии тими "Равшан"-ро бар ӯҳда дошт. Ҳамчунин ӯ ба дастаҳои "Фаррух" (Ҳисор), "Энергетик"(Душанбе), "Вахш" (Қурғонтеппа), "Хайр" (Ваҳдат), "Симурғ Алброз" (Афғонистон) ва ҳамчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  (U-16) таҷрибаи корӣ дорад.

Мураббии ҷадидаи дастаи ССКА Помир рӯзи 24 июл ба кор пардохта худи ҳамон рӯз вохӯрии ин тим бо "Регар-ТадАЗ" дар варзишгоҳи "Металлург"-и Турсунзода баргузор мегардад.

Сармураббии собиқи ССКА Помир Раҳматулло Фузайлов дар бастагӣ бо баромади нокоми ин даста дар мусобюиқаҳои мавсимӣ аз вазифа сабукдуш карда шуд.

13
Барчаспҳо:
сармураббии нав, ФФТ, Тоҳир Муминов, Тоҷикистон
Мавзуъ
“Хайр”-и Ваҳдат дастаи ССКА “Помир”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод