Кристина Пронженко. Акс аз богйонӣ

Кристина Пронженко дар бораи дастовардҳо ва ҳаяҷони худ пеш аз олимпиада дар Рио

38
(Таҷдидшуда 16:45 03.08.2016)
Намояндаи варзиши сабук аз Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дар бозиҳои олимпӣ натиҷаҳои хуб ба даст орад, ба гуфти ӯ ин мавсими муҳимтарин дар таҷрибаи 16 соли фаъолияти варзишиаш мебошад.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik.  Кристина Пронженко яке аз варзишгарони пешсафи варзиши сабуки тоҷик ба ҳисоб меравад.  Ӯ  дар мавсими қаблӣ дар таркиби мунтахаби Тоҷикистон дар якчанд мусобиқаи байналмиллалӣ иштирок намуда, медалҳои гуногунро ба даст овардааст.

Чун анъана ин мавсим низ пур аз сабқатҳо буд ва  Кристина дар онҳо натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. Дар чемпионати кушоди Қазоқистон ва Аламато вай дар ҳафтҳарба иштирок карда бо гирифтани 4983 хол соҳиби  медали биринҷӣ гардид.  Варзишгари тоҷик дастоварди шахсии худро дар ин низом беҳтар намуд.

Ӯ ҳамчунин ду медали биринҷӣ дар сабқатҳои байналмиллалӣ барои дарёфти ҷоизаи Татяна Калпакова дар Бишкек (Қирқизистон) бурд кард. Натиҷаи давидан ба масофаи 400 м (56,34) ба ӯ имконият дод, ки рекорди нави миллӣ гузорад.

Дар бробари ин ӯ дар ҷоми кушоди Ӯзбекистон дар Тошканд дар ҳафтҳарба иштирок карда, бо гирифтани 4615 хол ҷойи якумро ба даст овард. Акнун вай барои иштирок дар сабқати муҳимтарин дар ҳаёташ- Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мебинад.

"Олимпиада дар Рио- дар таҷрибаи варзишии 16 солаи ман муҳимтарин  сабқат мебошад. Ин аввалин бозии муҳимтарини ман аст ва албатта ҳаяҷони бузург дорам"- изҳор дошт варзишгар.

Пас аз сабқат дар Қазоқистон Пронженко ба Тоҷикистон баргашта, омодагиро ба Бозиҳои Рио-2016 идома дод.

Кристина қайд кард, ин мавсим хеле  бобарор омад. Варзишгардухтар худро хуб ҳис мекунад ва дар сатҳи хуби варзишӣ қарор дорад.

"Чанд қадаре, ки олимпиада наздиктар мешавад, ҳамон қадар ҳаяҷонам зиёд мегардад. Дар умум ҳиссиёти гуногун дорам: ҳам хаяҷон, ҳам хурсандӣ, аллакай ашки шодӣ ҳам рехтаам",- нақл кард варзишгар.

Дастае, ки аллакай дар Рио аст, имконияти хуби мутобиқ шудан ва ба варзиш машғул шуданро қабл аз саршавии олимпиада дорад.

"Соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон дар масофаи 200 метр баромад карда будам, дар Рио бошад кӯшиш мекунам, ки натиҷаҳои беҳтар нишон диҳам. Натиҷаи шахсии ман дар ин масофа- 25,19.  Ман дарк мекунам, ки рақобат калон аст, аммо ман ҳам кӯшиш мекунам. 200-метр ин дар умум масофаи "ман" нест, фикр мекунам, ки ба масофаи 400 метр баромад кардан бароям қулайтар мебуд, аммо ман боз ҳам кӯшиш мекунам, ки натиҷаи хуб ба даст орам",- иброз дошт ӯ.

Тоҷикистонро дар бозиҳои Олимпиии тобистона дар Бразилия 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Муштзан Анвар Юнусов, гурзандоз Дилшод Назаров, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Ғайр аз ин ба Тоҷикистон барои варзиши сабук ва шиноварӣ квота ҷуда карда шудааст. Дар намуди варзиши шиноварӣ аз Тоҷикистон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов баромад карда, варзиши сабуки ҷумҳуриро Кристина Пронженко муаррифӣ менамояд.

38
Барчаспҳо:
Бозиҳои олимпӣ, Рио-2016, варзиши сабук, Кристина Пронженко, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
Мавзуъ
Пӯшидани либосҳои варзишии олимпӣ ва сафар ба Рио
Варзишгарони тоҷик ва Олимпиадаи Рио-2016
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио