Анвар Юнусов бо Ҷун Шан рақобат мекунад

© AP / Murad Sezer Муштзани тоҷик Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси қуръакашӣ, рақиби муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Қувваозмоии ҳарду дар Олимпиадаи Рио имрӯз  6-уми август соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 1-и шаби 7-уми август ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии  Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфта буд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку — баргузор шуд, Анвар Юнусов бар ҳамин рақиби худ аз Чин ғолиб омад.

Анвар 1 феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад. Шурӯъ аз 12 солагӣ ба бокс машғул аст. Мураббии аввалини ӯ Борис Ковтун буд. Баъд таҳти роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Айни замон мураббии ӯ Аббос Негматуллоев мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Анвар Юнусов: ба Бразилия барои гирифтани медал меравам

Дастовардҳо: дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2011)-3-юм шуда, дар қаҳрамонии Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2011) соҳиби ҷои 1-ум гардид. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Иордания (2013)-мақоми сеюмро ба даст овард. Дар Ҷоми ҷаҳон (Русия,2013)-1 —ум шуд. Ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмиллаӣ мебошад. Бори сеюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар олимпиадаи Пекин-2008 ӯ соҳиби ҷои 5-ум шуда дар Бозиҳои олимпии 2012 шикаст хӯрд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

 6-16 август — Анвар ЮНУСОВ (бокс, дар вазни то 56 кг)

10 август - Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (дзюдо, дар вазни то 90 кг)

12 август- Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ (дзюдо, дар вазни +100 кг)

11-12 август — Олим ҚУРБОНОВ (шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон)

12-13 август- Анастасия ТЮРИНА (шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон)

15-17 август — Кристина ПРОНЖЕНКО (давидан ба масофаи 200 метр миёни занон)

17, 19 август — Дилшод НАЗАРОВ (гурзандозӣ)

Лентаи хабарҳо
0