Муштзани тоҷик Анвар Юнусов аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао дар бозиҳои олимпии Рио-2016 шикаст хӯрд

Анвар Юнусов аз гирифтани медал дар олимпиада маҳрум шуд

37
(Таҷдидшуда 11:30 10.08.2016)
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври дувуми интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 дар олимпиада дар шаҳри Рио-де-Жанейрои аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Анвар Юнусов дар даври дуюми рақобат аз муштзани бразилӣ мағлуб гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қувваозмоии Анвар Юнусов бо Робсон Консейкао рӯзи 9-уми август соати 11:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) барпо гардид.

"Анвар Юнусов, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, барои аввалин бор бо Робсон рӯбарӯ шуд. Баъди анҷоми раунди аввал, ки бо пирӯзии Консейкао бо ҳисоби 30:27 ба анҷом расид, Анвар ба мураббиаш Аббос Неъматуллоев гуфт, дасти росташ, ки пештар ҷарроҳӣ шудааст, сахт дард мекунад ва аз идомаи сабқат даст мекашад",-омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттлои  манбаъ  муштзани бразилӣ бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб дониста шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале муштзани тоҷик аз гирифтани медали олимпӣ ноумед гашт. 

Ёдовар мешавем, Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқот рӯзи 6 август бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.

Қаблан Анвар Юнусов изҳор дошт, ки ба Бразилия барои гирифтани медал меравад.

Анвар Юнусов 1 феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад. Шурӯъ аз 12 солагӣ ба бокс машғул аст. Мураббии аввалини ӯ Борис Ковтун буд. Баъд таҳти роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Айни замон мураббии ӯ Аббос Неъматуллоев мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

37
Мавзуҳо:
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Саломатии иштирокчиён муҳимтар аз ҳама: лағви Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквандо

3
(Таҷдидшуда 15:26 15.08.2020)
Шӯрои Таеквондои ҷаҳонӣ чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни наврасонро дар соли 2020, ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчиён, барҳам дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷаласаи шӯро тариқи онлайнӣ сурат гирифт ва аъзои он розӣ шуданд, ки масъалаи амнияти оилаи таеквондо дар ҷои аввал меистад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз машварат бо федератсияҳои миллӣ, кумитаҳои Таеквондои ҷаҳонӣ, бахусус кумитаи тиббӣ ва зидди допинг ва дар мувофиқа бо мақомоти тандурустии маҳаллӣ оид ба барҳам додани чемпионати имсола қарор қабул гардид.

Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

Софияи Булғористон, ки мебоист чемпионати имсоларо моҳи октябр мизбонӣ мекард, акнун чорабиниро соли 2022 қабул мекунад.

"Мо аз он ки имсол чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро дар София баргузор карда наметавонем, андуҳгинем. Вале бароямон ҳамеша возеҳ аст, ки солимии оилаи таеквондои ҷаҳонӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Пас аз машварат ва баррасиҳои зиёд ба хулоса омадем, ки баргузор кардани чемпионат дар соли равон хатар дорад. Мо бовар дорем, ки соли 2022 София чорабиниро бошаҳомат мегузаронад", изҳор доштааст президенти ташкилоти "Таеквондои ҷаҳонӣ" Чунгвон Чоу.

Қарор дар бораи финали Гран прӣ дар Канкун-2020 (Мексика) ва Гранд слам дар Вуши-2020 (Чин), ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, моҳи октябр дар ҷаласаи навбатии шӯро қабул карда мешавад. То он замон Таеквондои ҷаҳонӣ бо ташкилкунандагон ва ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати огоҳ будан аз вазъияти ин кишварҳо дар тамоси доимӣ хоҳад буд.

3
Рустам Эмомали на день физкультурника подарил спортсменам Хорога спортивную форму

Либосҳои варзишӣ ва тӯбу кимоно: тӯҳфаи Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони Хоруғ

64
(Таҷдидшуда 16:06 14.08.2020)
Рустами Эмомалӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе (ФФТ) ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу лавозимоти варзишӣ тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон супорида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, туҳфаҳои президенти ФФТ аз қабили либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ супорида шуд.

Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши ҷавонон ва варзиши дастгоҳи ҳукумати ВМКБ аз номи варзишгарони Хоруғ ба Рустами Эмомалӣ барои дастгирии варзишгарону мураббиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки фароҳам овардани имконоти нав барои рушди варзиш афзалияти кори ҳукумати маҳаллӣ мебошад.

Номбурда гуфтааст, ба туфайли дастгирии ФФТ дар Бадахшон якчанд майдони футбол бо рӯйпӯши сунъӣ сохта шуда, инчунин навъҳои дигари варзиш - волейболу футбол, боксу гӯштингирӣ ва ғайра дар ҳоли рушд аст.

64
Барчаспҳо:
ВМКБ, Рустами Эмомалӣ, ФФТ, Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Ваксинаи коронавируси Русия: "олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо"

0
Дар роҳи наҷот аз коронавирус - роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ аз он наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад.

Мо, пизишкон, дар табобати беморони коронавирус бо истифодаи "антитела", "стероидҳо" ва маводҳои зиддивирусӣ муваффақ шудем. Дар натиҷа марг аз коронавирус камтар шуд, аммо дар ҳолатҳои вазнин мо маҷбурем, ки беморонро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кунем. Аз даҳ бемор шаш-ҳашт нафарашон аз инфексияи дохилибемористонӣ мемиранд. Ин гуна беморонро антибиотикҳои нав метавонистанд наҷот диҳанд, аммо барои коркарди онҳо солҳо лозим аст.

Роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ ба коронавирус наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад. Зеро то кадом андоза ба ин беморӣ нафарони устувор бештар шаванд, ҳамон андоза қабати иммунии ҷамъият ғафстар мешавад, ба эпидемия хотима меёбад.

Феълан, нафароне нисбати ин беморӣ устувор дониста мешаванд, ки ин бемориро аз сар гузаронанд. Аммо як роҳи бехатари дигар ҳам ҳаст - сироятнопазир кардан. Дар ҳоле, ки ваксинаи бехатар ва самаранок, ки мутахассисони маркази илмии ба номи Гамалеи сохтаанд, омода аст. Ин пажӯҳишгоҳ дар ҷомеаи микробиологӣ мисли бренди "Мерседес" дар мошинсозӣ аст.

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

Ман чанд сол аст, ки академикҳо Гинсбург ва Логуновро мешиносам. Бо онҳо ва кормандонашон мо роҳҳои нави мубориза бо бактерияҳои устуворро меомӯзем. Афзун бар ин, олимони пажӯҳишгоҳ аллакай зидди эбола ва MERS ваксин сохтаанд.

Ва на танҳо сохтанд, роҳи сохтани бехатар ва самаранок - векториро кашф намуданд. Ба аденовируси барои инсон беозор, мисли ба машаки ҳомил, истгоҳи мадорӣ - бурдаи коронавирусро мечаспонанд. Ва ба бадани инсон сар медиҳанд. Пас аз ин ҳам  ба мушаки ҳомил ва ҳам ба истгоҳи мадорӣ иммунитет ҳосил мешавад. Барои ин дастовардро мустаҳкамтар кардан, пас аз се ҳафта, ҳамин гуна "истгоҳи мадорӣ"-ро дар дигар "мушаки ҳомил", дигар аденовирус сар медиҳанд. Ва боз иммунитет ҳосил мешавад. Дар натиҷа ба ҳарду аденовирус иммунитети заифтар ҳосил мешавад (зеро он ба организм лозим нест), ба коронавирус бошад - иммунаи пойдор ва устувор.

Олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо. Зеро касе мисли мо то ин дараҷа нозукиҳои ваксинасозиро фикр накарданд. Дар ҷаҳон боз чанд ваксинаҳои векторӣ сохта мешаванд, аммо мисли ваксинаи коронавирус ду "мушаки ҳомил" надоранд.

Ваксин аллакай дар бадани довталабон озмоиш шудааст. Бояд қайд кард, ки довталабони нахустин ҳамон кормандони пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалеи буданд. Онҳо мисли созандагони пуле буданд, ки то қатораи аввал гузаштан, зери пул худашон истоданд. Пас аз онҳо ваксина дар бадани низомиён озоиш шуд! Ягон ҳолати зарари ваксин ба қайд гирифта нашудааст, ҳама иммунитети қавӣ доранд.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки дар рафти сохтани ваксин мавҷи танқидҳо боло шуданд. Аз овозаҳои дурӯғи технологияҳои дуздидашуда сар карда, то бад шудани аҳволи довталабони озмоиши ваксин. Охиронашон  мудҳиш садо медиҳад: тақвияти вобастаи антителӣ (ADE). Ин барои ғайримутахассисон мудҳиш аст. Вирусологҳо медонанд, ки осори ADE танҳо барои лихорадкаи Денге шарҳ дода шудааст, ҳамон ҳам ба ваксингузаронӣ вобаста нест. Дар дигар ҳолатҳо осори ваксинаро танҳо дар пробирка мебинанд. Бояд қайд кард, ки на дар ҳолати инфексияи коронавирус.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

 Аз ин ҷо як савол бармеояд. Ин ширкатҳоро дар расонаҳо кӣ маблағгузорӣ мекунад? Он коршиносони мастақил аз кӣ вобастаанд. Ҷавобаш рӯшан аст: истеҳсолкунандагони дигар ваксинҳо ки феълан аз олимони Русия ақиб мондаанд. Баъзан аз истеҳсолкунандагонии доруҳои зиддивирусӣ, ки камсамаранд.

 Ба мо пизишкон ҳамаи ин шармовар аст. Мо интизорем, ки кай коронавирус маҳв мешавад ва мо бо дигар бемориҳои эпидемикӣ, ки то ҳол дастамон намерасид, машғул мешавем.

0