Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ

Комроншоҳи Устопириён низ Бозиҳои олимпиро тарк мекунад

46
(Таҷдидшуда 10:20 11.08.2016)
Варзишгари тоҷик натавонист ба ҳарифи гурҷииаш Варлам Липартелиани дастболо шавад ва ба ин васила имконияти дохил шудан ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи олимпиро аз даст дод.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Варзишгари тоҷик Кормоншоҳи Устопириён натавонист ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқаои  дзюдо дар Олимпиадаи Рио-де-Женейро роҳ ёбад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ.

Кормроншоҳи Устопириён, ки адр вазни 90 кг баромад мекард, дар вохӯрии тан ба тан аз муборизи гурҷӣ Варлам Липартелиани шикаст хӯрд.

Қаблан хабар дода шуд, ки муштзани тоҷик Анвар Юнусов аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрдааст ва ҳамчунин аз сабқат бартараф карда шудааст. Ҳамин тавр, ӯ низ имконияти ба даст овардани медалро аз даст додааст.

Бояд қайд кард, ки пештар дасти Юнусов захм бардошта буд. Дар вақти задухӯрд дар БО ҳамон дасташ сахт ба дард омад ва ҳамин сабаб шуд, ки варзишгар аз бозӣ даст кашад.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз ҳафт варзишгар иштирок мекунанд. Муборизаро барои ба даст овардани медал гурзандоз Дилшод Назаров, дзюдочӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, шиновар Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, варзишгари сабук Кристина Пронженко давом медиҳанд.

Олимпичиени Точикистон дар Рио
© Sputnik
Олимпичиени Точикистон дар Рио

 

46
Барчаспҳо:
маҳрум аз медал, Рио-2016, мағлубият, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Комроншоҳи Устопириён, Бразилия
Мавзуҳо:
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
Хабиб Нурмагомедов

Ҳабиб номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шуд

696
(Таҷдидшуда 17:59 29.05.2020)
Шабакаи машҳури телеграммавии "Незыгарь" пешниҳод намуд, ки қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадови 31-сола ба мансаби сарвари Ҷумҳурии Доғистон пешбарӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik.  Қаҳрамони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шудааст. Дар ин бора дар саҳифаи Телеграммаи "Незыгарь" гуфта мешавад.

"Хусусиятҳои калидии роҳбари Доғистон дар марҳилаи кунунӣ риояи қарордодҳои ҷамъиятӣ ва қобилияти ҳокимияти шахсӣ барои таъмини риояи қоидаҳои ҷамъиятӣ, эҷоди субот дар минтақа дар ҳама соҳаҳо, муҳимтаринашон бо ҷавонон кор кардан аст. Аз ин нуқтаи назар ҷолиб мебуд,  ба номзадии Ҳабиб Нурмуҳаммадов диққат дод”, гуфта мешавад дар саҳифаи Telegram.

Гуфта мешавад, ӯ дар баробари Қаҳрамони UFC будан, мавқеи возеҳ, нуфузи эътирофшудаи минтақа ва берун аз он, сифатҳои роҳбарб, поквиҷдонӣ дар риояи қоидаҳо ва созишномаҳоро дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бо дарназардошти сатҳи шинохти Нурмуҳаммадов дар ҷаҳон, миқёси шунавандагонаш, сатҳи робитаҳо ва таҷриба дар муносибатҳо, мо ба хулоса омада метавонем, ки тарбияи чунин кадрҳои ҷавон дар системаи идоракунии давлатӣ дар оянда метавонад ба минтақа ва кишвар муфид бошад.

Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

Ӯ яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Доғистон ба шумор рафта, вобаста ба масоили доғи рӯз фикрҳояшро баён мекунад. Аммо қаблан низ дар чандин суҳбатҳояш ишора карда буд, ки аз сиёсат дур аст.

Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони феълии UFC  буда, дар рейтинги расмии UFC дар байни беҳтарин паҳлавонон, новобаста аз категорияи вазн, ҷои дуюмро мегирад.

696
Барчаспҳо:
Доғистон, Русия
Расул Бокиев

Сипоси муфтии Маскав аз Расул Боқиев барои кумакҳояш ба муҳоҷирин ва камбизоатону маъбон

390
(Таҷдидшуда 15:54 29.05.2020)
Илдар Аляутдинов, муфтии Маскав ба Расул Боқиев, паҳлавони шинохтаи тоҷик барои кумакҳояш изҳори сипос кардааст 

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Дар ин бора худи паҳлавон аксҳо аз дидору мулоқот ва сипоснома аз суи муфтии Маскав ба ӯ ҳадяшударо дар саҳфаи фейсбукияш гузоштааст.

Дар сипоснома навишта шудааст, ки Идораи рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Русия ба барандаи Ҷоизаҳои Бозиҳои олимпӣ, барандаи ҷоизаи Чемпионати ҷаҳон, Чемпионати ҷудои  Русия Расул Боқиев барои расонидани кӯмаки хайрия ба муҳоҷирон, собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ, маъюбон, кӯдакони оилаҳои камбизоат ва оилаҳои серфарзанд изҳори сипос кардааст.

Ин ниҳоди динии Русия ҳамчунин барои паҳлавон ва рушди мактаби ҷудои ӯ дар ин кишвар пешрафт ва шукуфоӣ таманно кардааст.

Расул Боқиев, фарзанди паҳлавони маъруфи тоҷик Мураббии шоистаи Тоҷикистон Худойназар Боқиев аз варзишкорони шинохтаи кишвар буда 38 сол дошта, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.

Номбурда соли 2008 барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин ва  соли 2007 дар Рио-Де-Жанейро нишони биринҷии қаҳрамонии дунёро ба даст овардааст.

Расул Боқиев: Агар раҳбарони одил медоштем, ман имрӯз дар Тоҷикистон будам...

Паҳлавони шинохта, ҳамзамон солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 барандаи Ҷоми ҷаҳон ва 2009 қаҳрамони гуштии ҷудои Русия шуда буд.

Дорандаи унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон буда тайи чанд соли ахир дар Русия иқомат мекунад ва  соли 2015 дар Маскав барои омодасозии варзишкорони ҳирфаӣ “Мактаби гуштии Расул Боқиев”-ро ташкил кард.

390
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

692
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

692
Барчаспҳо:
Тоҷикистон