Чиптаҳои бозии футболи дастаҳои Тоҷикистону Сурия ба фурӯш бароварда шуданд

© info@fft.tjФутболбозони мунтахаби Тоҷикистон
Футболбозони мунтахаби Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби асосии футболи Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо мунтахаби Сурия омодагӣ дида истодааст. Ғайр аз ин ба ин бозӣ чиптаҳо ба фурӯш гузошта шуданд, ки нархи онҳо 20 сомониро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ба вохӯрии дӯстона, ки санаи 27-уми август дар майдони "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон" дар Хуҷанд соати 17:00 баргузор мегардад, 23 нафар варзишгарони мунтахаб- 3  нафар дарвозабонҳо, 8 нафар  ҳомиён, 8 нафар нимҳимоятгарон ва 4 нафар  ҳуҷумкунандагон тайёрӣ дида истодаанд.

Ба таркиби дастаи миллӣ, ки ҳафтаи гузашта эълон карда шуда буд, дигаргуниҳо дохил шуданд.  Аз сабаби бемории писараш дарвозабони дастаи "Регар-ТадАЗ" Алишер Додов  мунтахабро тарк намуд. Ба ҷойи вай дарвозабони дастаи пойтахт "Барқчӣ" ва мунтахаби ҷавонон Беҳрӯз Хайриев даъват карда шуд.

Ба ғайр аз Хайриев ба мунтахаби миллӣ ҳимоячии барқчӣ Зоир Ҷӯрабоев ва нимҳимоячии "Регар" Фирӯз Қараев даъват карда шуданд, ки онҳо дар рӯйхати аввала вуҷуд надоштанд, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони тоҷик дар бозии Ҷоми перезиденти Қазоқистон медали нуқра ба даст оварданд

Варзишгароне, ки санаи 27-уми август дар чемпионати дигар кишварҳо ширкат меварзанд, дар ин бозӣ иштирок карда наметавонанд.  Ин рӯз ба санаҳои расмии ФИФА дохил намешавад, барои ҳамин варзишгарони дигар дар маҳфилҳои худ бозӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, чуноне ки маълум гардид мунтахаби Сурия дар бозии дӯстона бо дастаи Тоҷикистон санаи 25-уми август аз Маскав ба Хуҷанд меояд.

Чиптаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд ва метавон онҳоро аз майдончаи "Спартак", "Қасри варзиш" ва бозори "Панҷшанбе" дар Хуҷанд дастрас намуд. Нархи чиптаҳо барои ҳама минбарҳо ягона мебошад.

Лентаи хабарҳо
0