Сабқати дзюдо, акс аз бойгонӣ

Беҳтарин дзюдочиёни ҷавони тоҷик муайян гардиданд

15
Байни варзишгарон синну солашон аз 15 то 19-сола , мусобиқаи дзюдо баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Рашт чемпионати дзюдо байни наврасон баргузор шуд.

Дар мусобиқа варзишгарони шаҳри Душанеб, вилояти Суғд, Хатлон, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ ва Рашт иштирок намуда, дар 8 категория қувваозмоӣ карданд.

Ҳамагӣ дар озмун зиёда аз 120 варзишгарон иштирок намуданд. Наврасони аз 15 то 19-сола дар ин озмун иштирок намуданд. Мақсади асосии озмун барои чемпионатҳои соли 2017 дарёфти беҳтарин варзишгарон мебошад.

Дар чор категориҳои вазнӣ варзишгарон аз шаҳри Душанбе- Оятуллои Амирбек, Эраҷ Муродов, Муллораҷаб Халифаев и Шоҳмансур Ёкубов ғолиб омаданд. Дар ду категорияи дигар  Улуғбек Раҳимов ва Темур Раҳимов аз шаҳр ва аз ноҳияҳои тобеи марказ мақоми аввалро гирифтанд. Хоҷимашраб Раҳмонов аз клуби "Ватан" ва Абдулҳамид Муҳибов аз Рашт дар ду категорияи дигар пешқадам буданд.

Ёдовар мешавем, ки пештар дар Душанбе чемпионати дар байни калонсолон баргузор гардида буд.  Дар ин сабқат Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни 90 кг ғолиб омад ва ҳамин тавр чемпионтаи дзюдои калонсолон гардид.

Аз ҳама  иштирокчии ҷавон, Ҷаҳонгир Маҷидови 16-сола дар байни калонсолон дар вазни 81 кг баромад намуд ва чемпиони Тоҷикистон шуд. Дар вазни 60 кг Сайёд Ёқубов, 66 кг- Беҳрӯз Хоҷазода, ва дар вазни 73 кг- Муҳаммад Мирзоев ғолиб омаданд.

 

15
Барчаспҳо:
ғолибият, дзюдо, варзишгарони наврас, Тоҷикистон
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

677
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

677
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

1009
(Таҷдидшуда 17:05 24.01.2021)
Конор Макгрегор, размикори ирландӣ баъди шикаст аз Дастин Поре изҳор дошт, ки омода аст, бо қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон барояд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Макгрегор ба шарҳи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Конор аз Поре изҳор дошт, ки агар Ҳабиб чизе навиштан хоҳад бигзор ба майдон баргардад.

Агар вай омода аст, ба майдон баргардад, ман омодаам бо ӯ қувваозмоӣ кунам, изҳор дошт Конор Макгрегор.

“Ман чизеро тағйир надодаам, ин тим аз аввал бо ман буд. Бояд ба рақиб бо эҳтиром муносибат кард”, - изҳор дошт Конор дар посух ба навиштаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Макгрегор аз Дастин Поре.

Ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Поре бар Конор Макгрегорро дар сафҳаи Твиттери худ  шарҳ дод.

"Ин вақте рух медиҳад, ки шумо дастаро иваз мекунед, шарикони тамриниро, ки шуморо қаҳрамон карданд тарк мекунед ва мусобиқаи тамриниро бо нафарони хурд оғоз мекунеду аз воқеият дур мемонед", - изҳор дошт қаҳрамони UFC дар вазни сабук.

Сабқати қаблии Ҳабиб ва Конор дар моҳи октябри соли 2018 бо шикасти Нурмуҳаммадов анҷом ёфт.

1009
Барчаспҳо:
шикаст, сабқат, Ҷаҳон

Бабри барфӣ дар Ишкошим 45 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод

0
(Таҷдидшуда 12:19 25.01.2021)
Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур озодапангро дастгир карда, тибқи қоидаҳои бехатарӣ дар минтақаи кӯҳӣ ӯро раҳо намуданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба сокини маҳалӣ бабри барфӣ хисороти калон расондааст, хабар медиҳад бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, озодапанг ба оғилхонаи сокини ин ноҳия ворид шуда, дасти кам 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан, аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, озодапанг дастгир гардида, бидуни расонидани осеб ва тибқи коидаҳои бехатарӣ ӯро ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода, раҳо намуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расида ба сокини маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист ҷуброн карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бабрҳои барфии калонсол, бинобар беқувватии худ дар фасли сармо асосан ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаро тӯъмаи худ қарор медиҳанд.

Наҷоти бабри барфӣ дар Бадахшон

Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуд ҳайвон  ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил гардидааст. 

Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти озодапаланг маҳз ВМКБ аст.

0
Барчаспҳо:
гӯсфанд, паланг, Ишкошим