Nike барои варзишгарони мусулмон ҳиҷоби варзишӣ омода мекунад

Обуна шудан
Ширкати Nike дар ояндаи наздик барои варзишгарони мусулмон ҳиҷоби вижае бо бренди Nike Pro Hijab омода мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Тарроҳони ширкати Nike мегӯянд, ки ҳамакнун ин пӯшоки варзиширо бо ҳамкории варзишкорони маъруфи мусулмон озмоиш доранд.

 

Тавсияҳои ин варзишкорон дар омодасозии ҳиҷоби роҳату дорои кайфияти боло бисёр коромад будааст. Варзишгарон низ аз дер боз чунин ҳиҷоби варзишӣ мехостаанд.

Интизор меравад, ки ҳиҷоби варзишӣ дар авоили соли оянда ба бозор хоҳад расид.

Коршиносон мегӯянд, ки ширкати Nike ин ҳиҷобро аз матоъе омода кардааст, ки кайфияташ бисёр боло ва пӯшиданаш роҳат аст.

 

Лентаи хабарҳо
0