Дар тамринҳо, макатаби Расул Боқиев, акс аз бойгонӣ

Расул Боқиев: аз шикаст ҳарос надорам, ҳарчи пеш ояд аз Худованд аст

459
(Таҷдидшуда 19:33 22.03.2017)
Куштигири номдори тоҷик Расул Боқиев бар ин бовар аст, ки зиндагӣ бо имону эътиқод маънӣ дорад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik, Фарида Бобоҷонова.Ин варзишкори маъруф дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, эътиқод пеш ҳама иродаи инсонро қавӣ мекунад ва ӯро дар расидан ба ҳадаф ёрӣ ва раҳнамоӣ мекунад.

Ин дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, устоди варзиши ҶТ, қаҳрамони ҷудои Русия мегӯяд: "Барои ман Ислом мақоми аввалро дорад. Вазъи руҳӣ барои варзишкор бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, ман пеш аз ҳама худро аз ҷиҳати равонӣ такмил медиҳам".

"Эътиқод ҷузъи аслии зиндагии ман аст. Ман бовар дорам, ки зиндагии дунявӣ гузаранда ва охират ҷовидонӣ аст", — мегӯяд Расул Боқиев.

Вай афзуд, ки варзишро ҳам аз барои ислом пеша кардааст, зеро эътиқод ӯро дар зиндагӣ қавиирода мегардонад.

Расул мегӯяд ҳамвора машғул ба омӯзиши усули ислом аст ва онро на аз касе ё руҳоние меомӯзад, балки худомӯзӣ дорад ва донишашро такмил медиҳад.
"Дар эътиқоди хеш пеш аз ҳама ба омӯзиши дин машғул мешавам. Ман ба  гуфтаи касе кор намекунам, балки худам эътиқодамро такмил медиҳам ва пайваста ба мутолиа машғул мешавам", — мегӯяд вай.

Ин варзишкор, ки дар хонаводаи паҳлавон зода шудаву парвариш ёфтааст, мегӯяд дар хурдсолӣ ӯро маҷбур мекарданд варзиш кунад, аммо дертар худ роҳи варзишкориро пеш гирифт.

"Аммо бе эътиқод машғул шудан ба варзиш маъное надошт.  Дар 13-14-солагӣ тағйироти руҳониеро аз сар гузарондам ки дар баробари варзиш бароям ҷаҳони дигареро ошкор кард, ки эътиқод ба ислом аст", — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи вай, ҳолати руҳонии инсон боис мешавад, ки рухдодҳои зиндагиро сарфи назар аз ин ки шодиовар бошанд ё ғамангез, аз Худованд донад ва ба ояндаи нек умед бандад.

"Ман аз шикаст ҳарос надорам. Зеро, фикр мекунам, агар Худованд касеро аз чизе маҳрум кард, он аз они вай нест ва Худо барояш аҷри бештаре ва беҳтаре медиҳад", — гуфт дар поён Расул Боқиев.

Дзюдочии тоҷик Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст. Ҳамчунин, паҳлавони маъруф дар соли 2007 дар РИо-де-Женейро соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо гардида, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 мебошад. Соли 2009 унвони Қаҳрамони Русия дар риштаи гуштии дзюдоро соҳиб гардидааст.

Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.

Ба гуфтаи Расул Боқиев, ӯ аз соли 2004-ум инҷониб дар Русия иқомат дорад  ва фаъолияти худро ҳамчун варзишгар давом медиҳад. Ахиран, номбурда соли 2015-ум мактаби варзишии худро дар Маскав ташкил дод, ки дар он варзишгарон новобаста аз миллат(бештар тоҷикон ва русҳо) тамрин мекунанд.
459
Барчаспҳо:
эътиқод, варзишгар, ислом, Мактаби варзишии Расул Боқиев, Расул Боқиев, Тоҷикистон-Русия, Маскав

Макгрегор аз муҳорибаҳо барканор шуд

412
(Таҷдидшуда 15:50 26.01.2021)
Варзишкори номии муҳорибаҳои омехтаи ирландӣ Конор Макрегор муддати зиёде аз муҳорибаҳо канор мемонад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.

Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.

Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, шояд Макгрегор  устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.

Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.

Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.

412
Барчаспҳо:
барканорӣ, варзишгар, муҳориба
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

1001
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

1001
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

0
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский