Футболбозони тоҷик дар Узбакистон ҳарифонашонро мағлуб карданд

© Дафтари матбуоти ФФТмунтахаби футболбозони ҷавони тоҷик
мунтахаби футболбозони ҷавони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол ҳарифони узбеки худро бо ҳисоби 7:4 мағлуб карданд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Дар чорчубаи чемпионати Осиё- 2017 мунтахабаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол, бо ҳарифонашон аз Узбакистон бозии дустона доир намуда, дар он бо ҳисоби 7:4 ғолиб омаданд.

Бозии дӯстона 25-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии "Универсал"- Тошканд баргузор гардид.  

Давраи аввали вохӯрии варзишгарони тоҷику узбек бо ҳисоби 3:1  ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид. Дар давраи дуввуми бозӣ низ футболбозонитоҷик тавонистанд 4 голи дигар ба дарвозаи ҳарифашон равон кунанд. Дар натиҷа ҳисоб бо 7:4 ба анҷом расид.

Имруз, давраи такрории сабқати футболбозон дар Тошканд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро футболбозони то 20-сола намояндагӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0