Дзюдо, акс аз бойгонӣ

Медали нуқраи Боқиев дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо

74
Варзишгари тоҷик Суҳроб Боқиев дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо медали нуқра ба даст овард

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуоти Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон, мусобиқа 13-14 май дар шаҳри Оренбурги Русия бо иштироки беш аз 300 варзишгар аз 14 давлат — Австрия, Арманистон, Белорус, Британия, Гурҷистон, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Нидерланд, Олмон, Русия, Словакия, Тоҷикистон ва Фаронса — ҷараён гирифт.

Рақобатҳо дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, +78 кило миёни занон ва 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кило миёни мардон доир гашт.

Суҳроб Боқиев дар вазни 60 кило нахуст бар Шоҳин Абашяни арманӣ ғолиб омад. Дар даври дуюм Рой Коффиҷберг аз Нидерланд ва дар даври сеюм Ҷолан Флоримонти фаронсавиро шикаст дод. Дар нимфинал бар Обид Ҷебови русиягӣ ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт. Вале дар финал аз варзишгари дигари Русия Яго Абуладзе шикаст хурд.

Дар ин мусобиқа ҷумҳурии моро ба ғайр Суҳроб Комрон Мамадназаров (-60), Хушқадам Хусравов (-66), Ҳидоятулло Самиев (-73), Амонулло Азимов, Садр Боев, Сафарбек Муродов, Кароматулло Ҳакимов, Акмал Муродов (-81), Муҳаммадасрор Юсупов (-90), Абдулваҳоб Сатторов (-100) ва Шакармамад Мирмамадов (+100) намояндагӣ карда, мутаассифона дар даврҳои аввал шикаст хурданд.

74
Барчаспҳо:
Ҷоми Аврупо, мусобиқа, варзиш, Суҳроб Боқиев, Тоҷикистон