Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквандо

Ду медали тиллои паҳлавонони тоҷик ва миннатдорӣ ба Мавзуна Чориева

82
(Таҷдидшуда 19:44 17.05.2017)
Паҳлавонони тоҷик - Акбар Пирназаров ва Диловар Зайниддинов дар Маскав ду медали тилло ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Маскав 4 — умин сабқати кушоди Русия оид ба таэквандо (ВТФ) баргузор шуд.

Дар ни сабқат размикорони тоҷик низ ширкат карданд.

Бино ба иттилоъи раиси Федеросюни таэквандо Манучеҳр Хуморов дар сабқат варзишгарон дар вазнҳои мухталиф қувва озмуданд.

"Варзишгарони тоҷик ду медали тилло ба даст оварданд",- гуфт ӯ.

Медалҳои тилло насиби Акбар Пирназаров (58 кг) ва Диловар Зайниддинов (+ 80 кг) шуданд.

Ба Мавзуна Чориева  ва Ҷон Чонг Фи барои дастгирии варзишгарон изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Дар ин росто варзишгарони тоҷик ҳамчунни дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба таэквандо, ки дар  шаҳри Алмаато бахшида ба варзишгари номдор ва касбӣ-Исатой Кабеков баргузор шуд, ширкат карданд.

Дар сабқат варзашграони синну солашон аз 5 то 17 сола ҳаққи ширкат доштанд. Манбаъ афзуд, ки дар умум дар мусобиқа беш аз 500 варзишгар байни ҳам рақобат карданд. Мунтахаби таэквандои Тоҷикистон низ яке аз фаъолтарин ширкаткунандагон буд.

Аз Тоҷикистон Ойбек Шамаев (24 кг), Боймуҳаммад Содиқов (33 кг), Ҳасан Абдукаромов (33 кг), Шӯҳрат Холов (51 кг), Алишер Сафаров (63 кг), Шеравган Маллаев (+63 кг) қувваозмоӣ каданд.

Дастаи таэквандочиёни Тоҷикистон ду медали биринҷӣ бадаст оварданд. Соҳибони медалҳо Шеравган Маллаев ва Алишер Сафаров мебошанд.

82
Барчаспҳо:
ду медали тилло, таэквандо, сабқат, Диловар Зайниддинов, Акбар Пирназаров, Маскав
Мавзуъ
Бозгашти варзишгарони ҷавони тоҷик аз Узбакистон. Бо 12 медал
Дзюдочиёни ҶТ: то ҳол бе медал, дар интизори Гран-при қабл аз Рио-2016
Варзишгарони тоҷик дар Абу-Даби соҳиби ду медал шуданд
Хонандагони тоҷик аз Туркияву Тайланд бо 16 медал баргаштанд