Ғолибияти варзишгари тоҷик дар Русия

Паҳлавони тоҷик дар сабқати ҷудои Русия медали тилло ба даст овард

99
Маҳмадбек Маҳмадбеков- варзишгари ҷовони тоҷик дар сабқати саросарии Русия иштирок карда, дар он ғолиби кулл шуд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Варзишгари тоҷики муқими Русия- Маҳмадбек Маҳмадбеков дар сабқати саросарии Русия дар риштаи дзюдо ғолиб омад.

Мусобиқа, ки  дар шаҳри Красноярски ФР баргузор шуда дар он варзишгарон аз саросарикишвар иштирок доштанд.

Маҳмадбеков дар ин сабқат дар вазни 66 кг қувваозмоӣ намуда,  бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омадааст.
Ҳамин тавр варзишгар бо гирифтани медали тилло ҳуқуқи иштирок дар дигар сабқатҳои саросарии Русияро ба даст овард.

Маҳмадбеков Маҳмадбек  варзишгари ҷавони тоҷик, 17 сол дорад ва дар Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск тамрин мекунад.

99
Барчаспҳо:
медали тилло, варзишгар, Маҳмадбек Маҳмадбеков, Русия