Ҷоми Оқохони 4- маросими кушодашавӣ дар Маскав

Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV": пирӯзии дастаи Сохчарв бар Поршинев

376
(Таҷдидшуда 11:16 13.06.2017)
Дастаи Сохчарв тими Поршневро бо ҳисоби 7:1 шикас дод

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Рӯзи 11 июн  дар майдони Спартаковетси Маскав шаш даста барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV" байни ҳам рақобат карданд.

Дар ин бора роҳбари шӯъбаи итилоотии ташкилоти "Нур" Аброр Боймамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки дар ин вохӯрӣ тимҳои Дети Памира — Сучон, Вамд — Куйбишев ва Сохчарв — Поршнев бозӣ карданд.

Тими Дети Памира бо ҳисоби 3:0 бар дастаи Сучон ғолиб омад. Бозигарони дастаи Вамд ва Куйбишев бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд.

"Дастаи Сохчарв бо ҳисоби калон 7:1 рақибони худ аз тими Поршиневро мағлуб кард".

Дар умум барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV"  19 даста байни ҳам рақобат мекунанд. Инҳо: Вамар, Поршнев, Сохчарв, Куйбишев, Вамд, Рӯшон, Ишкошим, Помир 4, Вахон, Шоҳдара, Криша мира, Сучон, Дети Памира, Хоруғ, Барушон, Деҳрушон, Ғунд, Помир Душанбе ва Хоруғ 1 мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Оқохони IV" насиби дастаи Вамар шуда буд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартаковетс" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

376
Барчаспҳо:
рақобат, футбол, ташкилоти "Нур", Маскав
Мавзуъ
Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV" идома дорад: кӣ бурду кӣ бохт
"Ҷоми Оқохони IV": рақобати нуздаҳ даста барои ҷоми футбол дар Маскав
Голи бешумор 11 - 0: ғолибияти дастаи Криша мира бар Сучон

ВАО: Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" сабаби марги 41 нафар аз коронавирус гашт

554
Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” боиси марги камаш 41 нафар аз коронавирус дар Бритониё гардид, хабар медиҳад The ​​Sunday Times

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нашрия қайд мекунад, ки омор ба ширкати Edge Health дар асоси маълумоти Хадамоти миллии тандурустии Британияи Кабир (NHS) асос ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ 41 фавти мухлисон бинобар сабаби хуруҷи Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, мубталоёни ин беморӣ пас аз 25-30 рӯзи бозӣ фавтиданд.

Манбаъ мегӯяд,  шумораи фавтидагон тавассути додаҳо пас аз омадани мухлисони испанӣ ба Англия ва муқоисаи шумораи фавт дар дигар минтақаҳои кишвар ба даст оварда шудааст.

Бар пояи иттилооти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, дар вақти бозиҳои дастаҳои испанӣ 640 ҳазор нафар ва дар вақти бозиҳои дастаҳои англисӣ 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.

Бозии “Ливерпул” ва “Атлетико” 11-уми март дар “Энфилд” баргузор шуд, ки 52 ҳазор мухлис ин вохӯриро аз майдон тамошо намуд ва бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

554

Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд

678
(Таҷдидшуда 11:40 23.05.2020)
Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд.

Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд.

Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро ба таври техникӣ мағлуб кард.

Дар рақобати дуюм бошад Тайсон гӯши Холифилдро газид ва Эвандер аз идомаи муҳориба худдорӣ кард.

 Тайсан бошад аз рақобат маҳрум ва ҷарима шуд.

Қаблан Холифил баъди эълони бозгашташ ба саҳнаи бокс, гуфта буд, ки омодааст  бо Тайсон як маротибаи дигар биҷангад.

"Омодаам инро кунам. Ман мехоҳам бо Тайсон рақобат кунам. Фикр мекунам ман дар ин синни 57 солагиям низ муваффақ мешавад. Ман ӯро мағлуб карда метавонам. Гарчанде сухан дар бораи он намеравад, ки ки киро мағлуб мекунад, балки гап дар бораи он меравад, ки ба одамон нишон диҳем, ки мо яке аз муштзанҳои бузурги даврон ҳастем",-гуфтааст Холифилд.

678
Барчаспҳо:
шикаст, пирӯзӣ, рақобат, майдон, бокс, Майк Тайсон, Ҷаҳон
День 27 мая

Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:52 26.05.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми май дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон буда дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона мебошад. Дар ин рӯз Душанбе Паллаев - ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ ба дунё омадааст

Рӯзи 27 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1997 дар Порис санади асосии муносиботи дуҷонибаи Русия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

День 26 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1999 Додгоҳи Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 май

  • Дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Бекназар Аҳмадов (1926) – китобшинос, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Григорий Воробоев (1925 – 1986) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ғаффор Каримов (1938)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Аҳмадбек Қушқоров (1936-1989)- педагог, профессор.

Бурҳон Маҳмадқулов (1945) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Неъмат Мирсаидов (1955)- публисист.

Зайниддин Наҷмиддинов (1938) – Устои халқии Тоҷикистон.

Марина Некрасова (1954) –шоира.

Нурулло Оқилов (1965) – нависанда.

Душанбе Паллаев (1950 - 2017) –Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Ғуфрон Раҳимбоев (1949) – мутриб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Бурҳон Ризоев (1948) – доктори илми таърих, профессор.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон