Первая команда Федерации футбола Таджикистана на Кубке ФК Истиклол

"Истиқлол" имрӯз дар Тошканд бо "Нефтчӣ" бозӣ мекунад

65
Бошгоҳи футболи "Истиқлол" (Душанбе) имрӯз дар чорчӯби тамриноташ дар шаҳри Тошканд бо бошгоҳи "Нефтчӣ" аз шаҳри Фарғона бозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии бошгоҳи "Истиқлол", бозии дӯстонаи ин бошгоҳ бо қаҳрамони чандинбораи Узбакистон дар варзишгоҳи "Дӯстлик" баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки футболбозҳои бошгоҳи пойтахти Тоҷикистон Дар чорчӯби барномаи тамринотӣ ҳамчунин бо дастаҳои "Металлург" аз шаҳри Бекобод ва "Машъал" аз шаҳри Муборак бозии дӯстона хоҳанд дошт.

Футболбозҳои тоҷик 24 июл ба Тошканд рафтаанд ва то як ҳафта дар пойтахти Узбакистон тамрин хоҳанд кард.

65
Барчаспҳо:
бозии дӯстона, футбол, Бошгоҳи футболи "Нефтчӣ", Бошгоҳи футболи "Истиқлол", Тоҷикистон-Узбакистон
Мавзуъ
Дастаи футболи “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби калон шикаст дод
Дастаи "Истиқлол" дар тӯли даҳ сол