Паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо севум шуд

© World Championship Cadets / Mayorova MarinaДжамолиддин Абдуллоев против турецкого дзюдоиста Байрам Кандемира, архивное фото
Джамолиддин Абдуллоев против турецкого дзюдоиста Байрам Кандемира, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо миёни навҷавонон медоли биринҷӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо миёни навҷавонон дар пойтахти Чили — шаҳри Сантяго баргузор шуд.

Хушбахт Курбонмамадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони тоҷик қаҳрамони "Ҷоми ҷудои Амрико" шуд

Ҷавонпаҳлавон Абдуллоев дирӯз, 10-уми август дар рақобатҳо дар радаи вазнии то 66 килуграм бар рақибонаш Чинг Лонг Овен Вонг аз Ҳонконг, Маркос Сантос аз Бразилия ва Петру Пеливан аз Молдова пирӯз шуд, вале дар чаҳорумин зӯрозмоӣ аз Марк Ҳристов аз Булғористон шикаст хӯрд.

Ҷамолиддин дар рақобат барои мақоми севум нахуст бар ҷудокори аргентинӣ Иван Кукита пирӯз шуду сипас ҷудокори туркӣ Байрам Кандемирро шикаст дод ва медоли биринҷӣ бар гарданаш овехт.

Дар ин радаи вазнӣ ҷудокори ҷопонӣ Ранто Катсура барандаи медоли тилло ва варзишкори булғорӣ Марк Ҳристов медоли нуқраро ба даст оварданд. Ҳамзамон бо Ҷамолиддин Абдуллоев ҷудокори канадаӣ Кеаган Янг низ бо медали биринҷӣ сарфароз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0