Футбол. Акс аз бойгонӣ

Чаҳордаҳ даста барои дарёфти Ҷоми Рӯшон ва 60 ҳазор рубл рақобат мекунанд

709
(Таҷдидшуда 18:14 26.08.2017)
Аз 12 август то 10 сентябри соли равон дар майдони варзишии "Авангард"-и Маскав сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Дар ин бора намояндаи Кумитаи футболи созмони ҷамъиятии "Нур" Ҳиммат Маҳбатов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мусобиқаи мазкур аз соли 2009 инҷониб гузаронида мешавад.

Дар сабқати имсола 14 даста — "Вамд — 1", "Дерзуд — 1", "Вамд — 2", "Деҳрӯшон", "Дерзуд — 2", "Барзуд", "Вамар — 2", "Шидз", "Собиқадорони Вамар", "Пастхуф", "Дӯстӣ", "Баррӯшон", "Вамар — 1" ва "Шуҷанд" ширкат мекунанд.

Ҷоми Рӯшон-2017
© Фото : Аз бойгонии Кумитаи футболи Рӯшон
Ҷоми Рӯшон-2017

Ба иттилоъи манбаъ, ин сабқат бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" ва "Помир" бо дастгирии Федеросюни муҳоҷиратӣ ташкил шудааст.

"Имсол барои ҷои якум 60 ҳазор рубл, ҷои дуюм 40 ҳазор ва мақоми сеюм 20 ҳазор рубл ҷудо шудааст", — гуфт Ҳиммат дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Ин сабқатро доварони касбии рус ва довталабони созмони номбаршуда баҳогузорӣ мекунанд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон рӯзҳои истироҳат дар майдони "Авангард"-и Маскав гузаронида мешавад.

Бозиҳои рӯзи 27.08.2017
© Фото : Аз богйонии Кумитаи футболи Рӯшон
Бозиҳои рӯзи 27.08.2017

 

709
Барчаспҳо:
футбол, Русия
Мавзуъ
Чил дастаи футбол барои дарёфти Ҷоми Рустам Эмомалӣ рақобат мекунанд
Пирӯзии дастаи Рӯшон бар Шоҳдара: идомаи бозии футбол кӣ бурду кӣ бохт
Бетартибиҳо ва захмӣ шудани 1,5 ҳазор мухсили футбол
Футбол: Тоҷикистону Арманистон дар Сочӣ зӯрозмоӣ мекунанд
Гузориши аксӣ аз мусобиқаи футбол барои "Ҷоми Оқохони IV" дар Маскав
Свеча

Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо

2199
(Таҷдидшуда 18:10 31.05.2020)
Федератсияи футболи Тоҷикистон тайи се рӯзи охир ду таъзиянома нашр кард. Ба иттилои ФФТ, довари футбол, Султон Қосимов дар шаҳри Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Рӯзе пеш Федератсия ба котиби генералии ФФТ, Давлатманд Исломов дар робита ба даргузашти бародараш полковник Дилшод Исломзода, ноиби аввали сардори Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси ВУД Тоҷикистон таъзия баён кард.

Сабаби даргузашти полковник Исломзода дар синни 46-солагӣ бемории сироятии коронавирус арзёбӣ мешавад. Расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.

 

Ба иттилои ФФТ, инчунин дар шаҳри Душанбе бар асари сакта, Султон Қосимов даргузашт, ки солҳои зиёд дар бахши футболи кишвар фаъолият дошт.

Қосимов аз соли  2006 то 2010 менеҷери тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, U-16 буда, баъди анҷоми доварияш, ба ҳайси нозири кори доварон фаъолият кардааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хонаводаҳои Султон Қосимов ва Дилшод Исломзода изҳори ҳамдардӣ баён намудаст.

2199
Барчаспҳо:
даргузашт, Футбол, Тоҷикистон
Ноги и футбольный мяч

Футболи Ӯзбекистон 5 июн ба майдон бармегардад

121
(Таҷдидшуда 11:45 31.05.2020)
Омодагӣ барои тамрину мусобиқаҳо бояд тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена сурат гирад.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бозиҳои чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз 5 июн оғоз меёбанд, вале бидуни тамошобинон ба хотири чораҳои зидди паҳншавии COVID-19 баргузор мешаванд.

Қарорри мазкурро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қабул кардааст.

Чемпионати футболи Ӯзбекистон рӯзи 16 март, пас аз як рӯзи дарёфти аввалин гирифтори COVID-19 дар ин кишвар, боздошта шуда буд.

"Аз 5 июн иҷозат дода мешавад, ки чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон бидуни тамошобинон идома дода шавад", - омадааст дар шабакаи Телеграммаи Вазорати адлия.

Бошгоҳҳои футболи касбӣ бояд машқҳоро тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ чораҳои карантиниро то 15 июн тамдид кард. Аммо аз 1 июн дар баъзе аз минтақаҳои санаторияҳо, клубҳои варзишӣ кушода, тӯйҳо ва ҷашнҳо иҷозат дода мешаванд.

Мақомоти Ӯзбекистон сар аз оғози моҳи май дар минтақаҳое, ки шуъи коронавирус дар он паст шуд чораҳои қарантиниро сустар карданд.

Ҳамчунин, сар аз 15 май кори паркҳо, музейҳо ва варзишгоҳҳо дубора барқарор шуданд.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Аз 18 май робитаҳои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва минтақаҳои кишвар барқарор гардид.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 6 миллион ҳодисаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст, беш аз 357 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда ба 3 546 расид. 14 бемор фавтида, 2 783 нафар шифо ёфтанд.

121
Кобилчон Гиёев

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

299
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

299
Барчаспҳо:
вазифа, табобат, бемор, табиб, Ғарм, Тоҷикистон