Духтарони футболбози Тоҷикистон аз тими Эрон шикаст хӯрданд

© SputnikЖенская национальная сборная Таджикистана - заключительный матч отборочного турнира Кубка Азии
Женская национальная сборная Таджикистана - заключительный матч отборочного турнира Кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими миллии футболи духтарони то 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи "CAFE U-15 Girls Tournament", ки дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, аз тими ҳамсолони ирониашон шикаст хӯрданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар сабқати байнулмилалӣ духтарони футболбози тоҷик аз ҳамтоёни ирониашон бар ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозии духтарони футболбози Тоҷикистон ва Эрон рӯзи гузашта баргузор шудааст.

Дар ин сабқат тими Узбакистон дастаи Қирғизистонро шикаст додааст.

Имрӯз  бозиҳои поёнии мусобиқа баргузор хоҳад шуд. Соати 18:00 тимҳои миллии духтарони духтарони Эрон ва Узбакистон ва дар соати 21:00 Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳамдигар рақобат хоҳанд кард. Бозиҳо дар варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мешавад.

Лентаи хабарҳо
0