В Туркменистане получают первые золотые медали на 5 Азиатских играх 2017

Дастовардҳои варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ 2017 дар Ишқобод

92
(Таҷдидшуда 14:42 20.09.2017)
Дар севумин рӯз аз Бозиҳои Осиёӣ дар Ишқобод шумораи умумии медолҳои Тоҷикистон ба 14 адад расид

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар севумин рӯз аз Панҷумин Бозиҳои Осиёӣ дар Ишқобод бо 14 медол дар миёни 63 кишвар 21-умин ҷойгоҳро ба даст овардааст.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, вазишкорони тоҷик то кунун 1 медоли нуқра ва 13 медоли биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ягона медоли нуқраи Тоҷикистонро Манучеҳр Неъматов дар варзиши таеквондо WTF имрӯз ба даст овард. Вай дар даври ниҳоии ин мусобиқот аз варзишкори эронӣ Маҳдӣ Эҳсонӣ шикаст хӯрд ва медоли тиллоро аз даст дод.

Дар ин Бозиҳо кишвари мизбон — Туркманистон бо 68 медол (30 тилло, 22 нуқра, 16 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Тойланд бо 18 медол (4 тилло, 5 нуқра, 9 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 14 медол (4 тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор доранд.

92
Барчаспҳо:
Бозиҳои Осиёӣ, Бозиҳои Осиёии 2017
Мавзуъ
Ҷилваҳои вижа: маросими оғози 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод

Русия Майк Тайсонро ба Маскав даъват карданист

132
(Таҷдидшуда 14:38 29.11.2020)
Федератсияи бокси Русия мехоҳад ба Майк Тайсон ва Рой Ҷонсон пешниҳод кунад, ки дар соли 2021 як муҳорибаи такрорӣ дар Маскав баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Федератсияи бокси Русия нақшаи пешниҳоди  баргузории муҳорибаи такрории Майк Тайсон ва Рой Ҷонсонро дар Маскав дар соли 2021 дорад.

"Офарин, муҳориба хело шавқовар буд. Ҳарду ҳам ба сину соли худ нигоҳ накарда, хело хуб омода шуда буданд. Бояд реванш пешниҳод кард, ки дар Маскав дар соли 2021 баргузор шавад. Бо онҳо баррасӣ хоҳем кард, ки дар Рӯзи бокс баргузор кунем", - гуфтааст котиби кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв.

Хотиррасон мешавем, ки Рӯзи бокс 22 июл таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, 29 ноябр Тайсон ва Ҷонс дар Лос-Анҷелес муҳорибаи намоишии ҳаштдавра бо тартиботи вижа, ки мусовӣ ба поён расид, баргузор карданд.

Муҳориба дар саҳнаи варзишии "Стэйплс-центр" баргузор гардид. Варзишкорон дар ҳашт давра қувваозмоӣ карданд. Аммо нафаре аз онҳо дигареро мағлуб карда натавонист.

Тайсон ва Ҷонс ҳарду ҳам ситораиҳои олами бокс мебошанд. Бештар аз 50 муҳориба кардаанд ва Қаҳрамони мутлақи бокс дар ҷаҳон мебошанд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Тайсон 54 сол дорад, ӯ дар 58 муҳориба иштирок карда, 50 маротиба пирӯз шудааст (дар 44 муҳориба ҳарифашро "нокаут" кардааст), шаш маротиба мағлуб гаштаву, ду муҳорибааш баргузорношуда эътироф гаштаанд. Ҷонсон 51 сол дорад ва соли 2018 тарки майдон карда буд.

132
Барчаспҳо:
даъват, Маскав, Майк Тайсон, Русия
Логотип ФИФА, архивное фото.

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA як зина боло рафт

150
(Таҷдидшуда 15:08 29.11.2020)
Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз мавқеи 122-юм як зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тими миллии Гвинея Бисау дар ин рейтинг аз Тоҷикистон пештар ҷой гирифтааст, аммо дастаи Қазоқистон баъди Тоҷикистон дар ин феҳраст қарор гирифтааст.

FIFA эълон кардааст, ки Тоҷикистон аз моҳи гузашта панҷ имтиёзро аз даст додааст ва холҳояш ба 1143 расидааст.

Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1780 имтиёз пешсаф аст.

Зинаи дуюмро Фаронса (1755) ва сеюмро Бразилия (1743) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Портуғол, Испониё, Оржентин, Уругвай,  Мексико ва Итолиё ворид шуданд.

Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1528) ва  дар ҷойи 24-юм аст.

Дастаи мунтахаби Русия баъд аз шикасти бузург аз Сербистон (0:5) панҷ зина поён рафта, аз зинаи 34-ум ба 39 кӯч кардааст.

150
Барчаспҳо:
ФИФА, мавқеъ, мунтахаб, даста, рейтинг, Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Қабули қонуни нав: вазири меҳнат гуфт, мутахассисони бозоргир омода мешаванд

0
(Таҷдидшуда 17:02 30.11.2020)
Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, дар кишвар қонуне қабул шуд, ки алоқамандии бозори меҳнат ва таҳсилоти касбиро пурзӯр месозад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахир қонун “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”-ро қабул кард.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, мутобиқи қонуни мазкур ҷалби соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла корфармоён ва вазорату идораҳои соҳавӣ ба раванди тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шудаст.

Вазир гуфт, корфармоёну вазоратҳои соҳавӣ бевосита дар таҳияи Таснифоти миллии тахассусҳо, стандартҳои ҳар як касб, баҳодиҳӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии мутахассисони омодашаванда иштирок менамоянд, ки ин алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбиро қавӣ мегардонад.

“Илова бар ин, ҷорӣ намудани Низоми миллии тахассусҳо барои фаъолияти босамари минбаъдаи мутахассисони дараҷаи гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Амонзода.

Ӯ илова намуд, ки бо васеъшавӣ ва амиқгардии дониш ва фаҳмиши функсионалии таснифоти тахассусӣ,  имконоти ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар зиёд мешавад.

0
Барчаспҳо:
ҷалби мутахассисони ҷавон, бозори меҳнат, Тоҷикистон