Матч первого тура отборочного турнира чемпионата Азии-2018 в группе «В» между юношескими сборными Таджикистана и Сирии

Футболбозҳои навраси тоҷик ҳамсолони сурии худро шикаст доданд

14
Дар нахустин бозии даври интихобии Қаҳрамонии футболи наврасони Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 дастаи Сурияро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ин бозӣ, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд, Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ду гол ба дарвозаи дастаи Сурия зада ва дастаи Тоҷикистонро ба пирӯзӣ расондаанд.

Бино ба гузориши равобити умумии Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар бозии дигари ин гурӯҳ футболбозони навраси Уммон бо ҳисоби 8:0 бар дастаи Малдив пирӯз шудаанд.

Дар даври дувум, ки 22 сентябр баргузор мешавад, наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Малдив ва дастаи Сурия бо Уммон рақобат хоҳанд кард.

Даври ниҳоии Қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 аз 25 сентябр то 7 октябри соли 2018 дар Малайзия баргузор хоҳад шуд.

14
Барчаспҳо:
Қаҳрамонии наврасони Осиё-2018, футбол, Федеросюни футболи Тоҷикистон, Тоҷикистон-Сурия
Мавзуъ
Пирӯзии дастаи "Вамар" дар сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон
Ҷоми Рӯшон дар Маскав: даври нимниҳоии футбол дар Рӯзи истиқлол баргузор мешавад
Нахустин пирӯзии яккачини футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2019
Футболбозҳои навҷавони тоҷик ҳамсолони туркашонро бо ҳисоби 12 бар 1 торумор карданд