Акмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо

Бозиҳои Осиёӣ дар Ишқобод: Тоҷикистон 3 медоли тилло ба даст овард

87
(Таҷдидшуда 19:06 25.09.2017)
Дар Панҷумин Бозиҳои Осиёии даруни толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод варзишкорони тоҷик имрӯз се медоли тилло ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Нахустин медоли тиллоро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии даруни толор ва ҳунарҳои размӣ Акмалиддин Каримов ба даст овард.

Вай дар мусобиқоти самбо дар вазни —57 килуграм, ки имрӯз дар пойтахти Туркманистон баргузор шуданд, бар ҳама ҳарифонаш пирӯз шуд.

Дувумин медоли тиллоро Зуҳро Холова ба даст овард. Ӯ дар зӯрозмоиҳои кикбоксинг дар вазни —52 килуграм ҳамовардонашро шикаст дод ва қаҳрамон шуд.

Севумин медоли тиллоро Мижгона Самадова дар ҳамин ришта дар вазни —60 килуграм ба даст овард.

87
Барчаспҳо:
бозиҳои даруни толор ва ҳунарҳои размӣ, Бозиҳои Осиёии 2017, Мижгона Самадова, Зуҳро Холова, Акмалиддин Каримов, Тоҷикистон-Туркманистон
Мавзуъ
Дастовардҳои варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ 2017 дар Ишқобод
Ҷилваҳои вижа: маросими оғози 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

951
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

951
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

1054
(Таҷдидшуда 17:05 24.01.2021)
Конор Макгрегор, размикори ирландӣ баъди шикаст аз Дастин Поре изҳор дошт, ки омода аст, бо қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон барояд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Макгрегор ба шарҳи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Конор аз Поре изҳор дошт, ки агар Ҳабиб чизе навиштан хоҳад бигзор ба майдон баргардад.

Агар вай омода аст, ба майдон баргардад, ман омодаам бо ӯ қувваозмоӣ кунам, изҳор дошт Конор Макгрегор.

“Ман чизеро тағйир надодаам, ин тим аз аввал бо ман буд. Бояд ба рақиб бо эҳтиром муносибат кард”, - изҳор дошт Конор дар посух ба навиштаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Макгрегор аз Дастин Поре.

Ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Поре бар Конор Макгрегорро дар сафҳаи Твиттери худ  шарҳ дод.

"Ин вақте рух медиҳад, ки шумо дастаро иваз мекунед, шарикони тамриниро, ки шуморо қаҳрамон карданд тарк мекунед ва мусобиқаи тамриниро бо нафарони хурд оғоз мекунеду аз воқеият дур мемонед", - изҳор дошт қаҳрамони UFC дар вазни сабук.

Сабқати қаблии Ҳабиб ва Конор дар моҳи октябри соли 2018 бо шикасти Нурмуҳаммадов анҷом ёфт.

1054
Барчаспҳо:
шикаст, сабқат, Ҷаҳон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Мотам дар Донишгоҳи Хуҷанд: Масаид Шерматов, ихтироъкори маъруфи кишвар аз олам даргузашт

0
(Таҷдидшуда 10:34 26.01.2021)
Масаид Шерматов, профессори кафедраи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар синни 77 солагӣ ба зиндагӣ падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Мусобек Мироватов, яке аз шогирдони марҳум дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки олими варзида, инсони ҳақиқатхоҳу хоксор Масаид Шерматов рӯзи гузашта аз дунё даргузашт.

“Рӯзи гузашта маросими поси хотира доир гардид ва дар он ба ҳисоби ректори Донишгоҳ, омӯзгорону ҳамкорон ва шогирдони марҳум иштирок карданд. Даргузашти Масаид Шерматов талафоти ҷуброннопазир дар соҳаи физикаи тоҷик аст. Ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият баён менамоем”, зикр кард Мироватов.

Масаид Шерматов профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 20 майи соли 1944 дар дехаи Хиштхонаи ҷамоати Понгози ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Таҳсили ибтидоиро нахуст дар мактаби ҳафтсолаи №13 ва баъдан дар мактаби №7 ба номи устод С. Айнӣ дар деҳаи Бободархон давом додааст.

Баъди хатми мактаби миёна соли 1961 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанд меояд ва ба факултети физика ва математикаи Институти давлатии омузгории шаҳри Ленинобод ҳозира Хуҷанд ба номи С.М. Киров (алҳол МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дохил мешавад.

Соли сеюми таҳсил Шерматов бо хохиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи Ватан-Модарро сарбаландона адо намудааст.

Соли 1969 Донишкадаро хатм намуда, соҳиби дипломи аълои мактаби олӣ мегардад. М. Шерматов фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби №1-и шаҳри Қургонтеппа, ҳозира Бохтари Хатлон оғоз намуда як сол баъд ба факултети физикаю математика дар Донишкада ба кор даъват карда мешавад. Аз ҳамин замон ин олими фарҳехта ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мешавад.

Солхои 1970-1971, Шерматов ба Душанбе сафар намуда, ба сифати муҳаққиқ-коромӯз дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) адои вазифа менамояд. Соли 1972 ӯ ба шуъбаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи физикию техникаи ба номи А. Ф. Иоффеи шаҳри Ленинград (алҳол Санкт-Петергбург) дохил мешавад ва соли 1976 онро бомуваффақият хатм мекунад.

Соли 1978 М. Шерматов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Хосиятҳои махсуси деформатсионӣ ва вайроншавии полимерҳои самтнокшуда дар шароити сохторашон ноустувор” аз рӯи ихтисоси физика-математика дифоъ мекунад.

Ҳаминтавр ӯ аввалин шогирди Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд буд, ки дар ин марказ соҳиби унвони илмӣ гаштааст.

Профессор М. Шерматов замони таҳсилу фаъолияташро дар Ленинград аз беҳтарин даврони умри худ ёд намуда, иброз намудааст, ки маҳз Пажӯхишгоҳи физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффе барои ӯ сирру асрори илми физикаро ошкор намуда, дари донишро барояш боз кардааст.

Ҳамкорӣ бо устодони пурмаҳсул ба монанди А. И. Слутскер ва В. С. Куксенкоро барои худ мояи ифтихор медонад. М. Шерматов аз соли 1981 то ин вақт 34 ихтироъи илмӣ карда, дар 30 тои он ба гирифтани патент комёб шудааст.

Ба ин далел ӯ аз муваффақтарин олимони тоҷик ба шумор меравад. Тадқиқотҳои ӯ дар аз ҷумла ба наххои табии - пахта, абрешим ва пашм нигаронида шудааст.

Соли 2009 М. Шерматов ба гирифтани унвони “Бехтарин ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф шудааст. М. Шерматов 50 сол ин ҷониб ба шогирдон дарс мегуфт ва ба гирифтани унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи муҳандисии кишвар ва аъзои фахрии Академияи улуми Ню-Йорки ИМА, сарвари ихтироъкорони Донишгоҳ, раиси Шӯрои собиқадорони факултети физикаю техника мебошад. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҷанозаи М. Шерматов дар зодгоҳаш деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт ба хок супорида шудааст.

0